Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Хизматҳои шоиставу таърихӣ

430 Санаи 27 январи соли ҷорӣ дар толори қисми ҳарбии 051052 Гвардияи миллӣ бахшида ба 30-солагии Артиши миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гадид, ки дар он Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим, муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода сарбозону афсаронро ба ифтихори 30 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои хизмати содиқонаву софдилонаашон дар роҳи хизмат ба Ватан изҳори сипос намуд. Таърихи таъсисёбӣ ва ташаккули Артиши миллиро ёдовар шуда, мавсуф нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бузург арзёбӣ кард. Ҳамчунин суханони Сарфармондеҳи Олиро оид ба саҳми хизматчиёни ҳарбӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, корномаву қаҳрамонии онҳо чунин ёдовар шуд: “Қувваҳои Мусаллаҳ дар роҳи пурпечутоби ба эътидол овардани вазъият дар мамлакат, ҳифзи сулҳу субот, фурӯ нишондани ошубҳои ғаразноку исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба зархаридони қувваҳои хориҷӣ, нобуд ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори тарнсмиллӣ хизматҳои шоиставу таърихиро анҷом додаанд”.
430 Гуфта шуд, ки дар ин раванд афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддас мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим сухан карда, таъкид намуданд, ки мо хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ дар партави сиёсати Сарвари давлат устувор монда, вазифаҳои хизмативу ҷангии худро сарбаландона иҷро мекунем.
Барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ афсарон ва сарбозони фаъол Ифтихорномаи Кумитаро тақдим намуд.
430


Лейтенанти гвардия Насриддинзода И.


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.