Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Бойгонӣ – хазинаи таърихи миллат

Конференсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати
20 соли фаъолияти Бойгонии марказии Гвардияи миллӣ

Ҳар як инсони соҳибфарҳанг бояд таърихи халқу сарзаминашро аниқу муфассал донад ва ифтихор аз миллату таърихи гузашта дошта бошад. Шахсе, ки гузаштаи худро намедонад, асири маданияту фарҳанги дигарон мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон

130 26-уми апрели соли равон дар толори қисми ҳарбии 051052 бахшида ба 20 соли фаъолияти пурсамари бойгонии марказии Раёсати корҳои фармондеҳии Гвардияи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар конференсия мушовири сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Искандар, ҳукуқшиноси вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Шарифзода Раҳмонқул, собиқ муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуродов Давлат, директори бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Баҳром, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғуломов Тоҷиддин ва дигар мутахассиони соҳа иштирок ва маърӯза намуданд. Дар кори конференсияи илмӣ-назариявӣ сардорони баъзе аз раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ва афсарони қисмҳои ҳарбии дар шаҳри Душанбе ҷойгиршудаи Гвардияи миллӣ, мутахассисон аз Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷуёни факултети таърихи донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети китобдории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон иштирок доштанд.
130 Конференсияро муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим кушода эълон намуд. Сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ полковники гвардия Азаматзода Баҳриддин аз таърихи бойгонидорӣ ва моҳияти он маълумот дода, бори дигар меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Мавзӯъҳои асосии конференсияро таърихи ташаккул ва фаъолияти бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи бойгониҳо дар омӯзиши таърихи муосири тоҷик, нақши ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонии миллӣ дар омӯзиш ва тавсифи таърихи халқи тоҷик, мавқеи бойгониҳо дар таҳқиқоти корҳои илмӣ,масъалаҳои мубрами бойгонишиносии муосир, таъсис ва ташаккули бойгонии марказии Раёсати корҳои фармондеҳии Гвардияи миллӣ дарбар гирифт.
130 Мушовири сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Искандар ба сухан баромада, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Саридораи бойгонӣ ва Гвардияи миллӣ ибрози андеша намуда, ёдовар шуданд, ки солҳои охир дар асоси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ шумораи муайяни кормандони Гвардияи миллӣ дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон курсҳои кутоҳмуддати омӯзиширо сарбаландона хатм карда, соҳиби гувоҳнома мегарданд.
Гуфта шуд, ки бойгонӣ ин хазинаи таърихи миллат мебошад. Бе ҳуҷҷати бойгонӣ таърихи ҳеҷ як давлат, халқ ва миллат вуҷуд дошта наметавонад. Садсолаҳо мегузаранд, наслҳои дигар меоянд ва наслҳои нав дар бораи корнамоӣ ва фаъолияти гузаштагон аз сарчашмаҳои нодиру боарзиш чун бойгонӣ маълумот пайдо мекунанд. Ҳангоми ироаи маърӯзаҳои конференсия ба ҳамагон маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳои бойгонӣ чун кафолати боэътимоди хотираи халқ дар бораи ҳодисаву руйдодҳои муҳимтарину тақдирсози кишвар, корнамоиҳои шахсиятҳои барҷастаи давру замон ба шумор рафта, ҳамчун сарчашмаҳои омӯзишӣ дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ хизмат мекунанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои ҳастии давлату миллат се унсур муҳимтарин дониста мешаванд: забон, фарҳанг ва таърих.
130 Конференсияи мазкур, ки ба 20-солагии фаъолияти бойгонии марказии Раёсати корҳои фармондеҳии Гвардияи миллӣ бахшида шуд, доир ба таъсис ва рушду такомули он маълумоти дақиқ пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки бойгонӣ дар Гвардияи миллӣ аз соли 2004 фаъолият мекунад. Солҳои 2008 ва 2018 дар асоси тағироти сохторӣ воҳидҳои корӣ зиёд карда шуд. Аз моҳи апрели соли 2018 Бойгонии марказии Раёсати корҳои фармондеҳӣ амал мекунад, роҳбарии онро капитани гвардия Расулзода Абдулвосит, мутахасиси соҳаи мазкур бар уҳда дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари дигар бойгониҳои ҷумҳуриявӣ Бойгонии марказии Раёсати корҳои фармондеҳӣ дорои ҳуҷҷатҳои боарзиши таърихӣ аст ва ҳуҷҷатҳои дар он маҳфуз буда, қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Дар анҷоми конференсия меҳмонон бо соҳибони ҷашн нишони ҳамкорӣ ва қадрдони тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Неъматуллои Холиқ
майори гвардия

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.