Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Як зина боло рафтанд

130 Имрӯз дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бомуваффақият хатм намудани курсҳои кутоҳмуддати мутахассисони хурди техникӣ ва командирони хурд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо рутбаҳои навбатӣ ва ихтисоси ҳарбӣ шарафёб гардиданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини аввали сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ полковники гвардия Одиназода Аъзам ва командири қисми ҳарбӣ подполковники гвардия Раҳимзода Олимхон иштирок карда, сержантону сарбозонро барои бомуваффақият хатм намудани курсҳои мазкур табрику таҳният гуфтанд. Таъкид шуд, ки дар Артиш, аз ҷумла дар ҷузъу томҳои гвардия кадрҳои лаёқатманд, мутахассисони варзида ҳамеша заруранд. Шумо ин муддат машқу машғулиятҳои муҳимеро аз худ намудед, ки маҳз барои пешбарии хизмат ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ хеле зарур мебошанд. Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки курсҳои мазкур барои дар оянда ҳамчун афсарони касбӣ дар фаъолият, вазифа ва рутбаҳои навбатӣ боло рафтани сержантону сарбозон мусоидат мекунад. Оянда ҳар нафар метавонад, бо саъю кӯшиш ҳамчун хизматчии муваффақ дар ин ҷода ба комёбиҳои зиёд ноил гардад. Зеро ҳукумати мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон барои такмил ёфтану пешравии Артиши миллӣ тадбирҳои зиёдро амалӣ мекунанд. Ҷавонон - сарбозон бояд аз он самаранок истифода баранд.
Баъд аз анҷоми ҷамъомади тантанавӣ бо чанде аз хизматчиёни ҳарбӣ-хатмкардагони курсҳои мазкур ҳамсуҳбат шудем. Сержантон Набиев Рамзулло ва Холов Фатҳиддин нақща доранд, ки дар ин самт қобилияту маҳорати худро нишон диҳанд. Онҳо иброз доштанд, ки аз мураббиёни марказ, ки ҳама собиқадори хизмати ҳарбӣ ҳастанд, донишу малака омӯхта, як зина боло рафтанд ва онро дар давоми хизмат, дар таълиму тарбияи наваскарон истифода мебаранд.
Қобили зикр аст, ки мудати се моҳ дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ курси мутахассисони хурди техникӣ, командирони хурд (сержантон), прапоршикону афсарони ҷавон таълим гирифтанд.
130 Баъд аз чанд рӯзи дигар курси прапоршикон, ки аз ҳисоби сарбозону сержантони як солу нуҳ моҳ хизмат кардаанд, ташкил шудааст, ба рухсатӣ мебароянд. Танҳо баъд аз рӯхсатӣ ва баргузор гардидани ҷамъомади тантанавӣ барои супоридани рутбаҳои навбатӣ ҳар кадом мувофиқи қобилияту дониш ба идомаи хизмат дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ сафарбар карда мешаванд.
Аз 1-уми октябри соли равон бошад, маркази мазкур барои қабул ва тайёр намудани наваскарон ба қабули Савганди ҳарбӣ шурӯъ мекунад. Мувофиқи нақшаи марказ барои муташаккилона анҷом додани мавсими даъвати навбатӣ чорабиниҳои зиёд амалӣ карда шудааст.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.