Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷовиднома


Шарҳи мухтасари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”


Аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик бармеояд, ки ҳар як амали ҷавонмардона ва ватанпарваронаи фарзандони баруманди миллат қобили эҳтиром ва таҳсин аст. Имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон махсусан хизматчиёни ҳарбӣ боиси шарафмандист, ки дар баробари ғамхориву дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша ҷонфидоӣ ва корнамоии фарзандони асили Ватан дар роҳи ҳимояи сарзамини аҷдодӣ зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ҳамин радиф баҳри пос доштан ва ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон, ки дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватан ҷонисорӣ намудаанд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан” 24 декабри соли 2022, №1919 дар таҳрири нав ба имзо расонида шуд. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон гардонидани хотираи шахсонеро, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалок шуданд, муайян ва ваколатҳои мақомоти давлатиро дар ин самт муқаррар менамояд.
Қонуни номбурда аз 6 боб ва 24 модда иборат буда, дар он пурра тамоми паҳлуҳои вобаста ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан дарҷ гардидааст.
Дар ҳамин Қонун як қатор мафҳумҳои асосӣ мушаххас нишон дода шудаанд: аз ҷумла, ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан – фаъолияте, ки ба нигоҳ доштани муносибати эҳтиромона нисбат ба шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда (минбаъд-ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан) арҷ гузоштан ба шуҷоат, мардонагӣ ва қаҳрамонии онҳо, ҳамчунин баҳисобгирӣ, ба тартиб даровардан, ҳифзу нигоҳбонӣ кардани қабрҳои ҳарбӣ ва ёдгориҳои ҳарбӣ, гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ бо мақсади пайдо кардани қабрҳои ҳарбии бақайдгирифтанашуда, муқаррар намудани маълумоти шахсии хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда нигаронида шудааст, инчунин андешидани тадбирҳои иловагии дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд; шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд – хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки хотираи онҳо аз ҷониби давлат ҷовидон гардонида мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки хотираи шаҳрвандони зерин ҷовидон гардонида мешавад: иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945; шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ё вазифаҳои дигари хизматӣ баҳри ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд; шаҳрвандоне, ки дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд; шаҳрвандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар ҳудуди давлатҳои дигар барои ҳифзи манфиату амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шудаанд; шаҳрвандоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ё дар ҳудуди давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) аз ҷароҳат, контузия, маъюбӣ ё беморӣ, сарфи назар вақти фаро расидани оқибаташон вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба ё иҷрои вазифаҳои дигари ҷангӣ бедарак ғоиб шуданд; шаҳрвандоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ба асирӣ афтида ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд; шаҳрвандон, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашудаи ҳайати фармондеҳӣ, ақибгоҳӣ, ки корнамоиҳои шоиста дар роҳи ҳифзи Ватан нишон додаанд.
Инчунин, оромгоҳи ҳалокшудагон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маҷмааҳои ёдбуд бунёд гардида ва ба онҳо арҷ гузошта мешавад. Ҳамчунин, тавассути нашри китобҳо, асарҳои таърихӣ ва офаридани филмҳои ҳуҷҷатию бадеӣ хотираи ҳалокшудагон ҷовидон гардонида мешавад. Дар воситаҳои ахбори омма мавод оид ба корнамоии онҳое, ки ҳаноми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд чоп кардашуда, инчунин асарҳои адабию фарҳангӣ бахшида ба корнамоии онҳо эҷод карда мешавад. Қобили зикр аст, ки минбаъд ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, иншооти физикию географӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла ба ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ номи шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд гузошта ва дар рӯйхати ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳарбӣ номи онҳо абадан ворид карда мешавад.
Корҳои вобаста ба масъалаи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватанро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба уҳда дорад.
Тавре аз Қонуни мазкур бармеояд, дар баробари дигар мақомоти марбута ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ваколатҳои зерин мансуб гардидааст:
1) ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи ҳалокшудаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад;
2) дар дарёфт намудан ва ҷамъоварии маълумот оид ба бедаракғоибшудагони ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок менамояд;
3) тартиби нашри китобҳои ёдбудро дар Гвардияи миллӣ муайян менамояд.
Пос доштани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва муҳофизати мавзеъҳое, ки рамзи макони қаҳрамонӣ гирифтаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи ҳар як шаҳрванд аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан” пешбинӣ гардидааст.

Подполковники гвардия Дилшод Сайфуддинзода,
сардори шуъбаи ҳуқуқи Раёсати корҳои фармондеҳӣ



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.