Дар рӯзгори мо хатарноктарин зуҳуроти номатлуб терроризму экстремизм аст, ки онро «вабои аср» меноманд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим бо ин усул қувваҳои гуногуни сиёсию ҷамъиятӣ даст ба зӯрӣ ва даҳшат зада, барои ҳокимият талош меварзиданду тарсонидани одамонро бо роҳҳои гуногун амалӣ менамуданд. Онҳо қувваҳои гуногуни террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди душманони худ медонистанд.
Тоҷикистони азизи мо ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварию доғи рӯз ба шумор меравад, бетараф набуда, баҳри решакан намудани он ҳамеша талош меварзад. Беҳтарин ва пуриқтидортарин яроқи зидди ин «вабои аср» ақли солим мебошад, ки ҳам ин ваборо аз байн мебараду ҳам садди роҳаш мешавад. Барои эмин будан аз хатарҳои терроризму экстремизм бояд инсоният бо донишу ҷаҳонбинии васеъ мусаллаҳ бошаду аз фитнаангезону дасисабозон дурӣ ҷӯяд, чунки иғвогариву дасисаҷӯӣ решаи асосии терроризм мебошад.
Ташвишовар он аст, ки аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷавонон мебошанд ва маҳз ҳамин қишри ҷомеа ба ҳизбҳои тундраву хатарзо шомил мешаванд. Омили асосие, ки ҷавононро ба ин вартаи фалокатбор тела медиҳад, паст будани маърифат ва номукаммал будани ҷаҳонбинии онҳо мебошад. Баъзе ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, фирефтаи тарғибу ташвиқи шабакаҳои интернетии гурӯҳҳои тундрав шуда, бо мақсади дарёфтани маблағи калон озими «Давлатҳои исломӣ» мешаванд. Пас аз чанде онҳо хатои худро дарк мекунанд, аммо аз роҳи интихобкардаи худ баргашта наметавонанд. Омили дигари шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин аз рӯи ҳавову ҳавас пуштибонӣ кардани онҳо аз дини мубини Ислом мебошад. Ҳол он ки дини мубини Ислом орӣ аз ҳама зулму ситам буда, адолат, сулҳ, созандагӣ, парҳезкорӣ ва хайру саховатро ташвиқу тарғиб мекунад.
Ҷавонони гумроҳ бо амалҳои номатлуб номи худу миллатро доғдор ва пайвандонро гирифтори ғаму мусибати гарон мегардонанд. Бехабар аз он ки давлат, миллат, волидайн ва ҳатто ҳаққу ҳамсоя аз ҳар ҷавони наврас умеди комил доранд, чунки дар симои онҳо на танҳо шахсият, балки ворис ва номбардори имрӯзаву ояндаро мебинанд, ки обу гилашон бо обу гили Ватан рабти ногусастанӣ дорад. Онҳо бояд ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ гузоранд, чунки барои ба даст овардани ҳар яки он хуни ҳазорон бегуноҳон рехтаву номуси ҳазорон боиффатон поймол шуда. Ба қадри неъматҳои гаронмоя ба монанди Истиқлол, Ваҳдат, Парчам, Нишон ва давлатдории миллӣ бояд расид, ки ҳифзи онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ мебошад.
Дар ин ҷода тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии муҳофизони ояндаи Ватан, фарзандони шуҷою далер, зираку ҳушёр ва шарафманди миллат басо зарур аст. Зеро ҳадафи тарбияи ватандӯстӣ арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию маъанавӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, анъанаҳо ва урфу одатҳои ниёкон, корнамоиву қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат, бузургони илму адаб мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар фард сарфи назар аз синну сол бояд баҳри мудофиаи модар-Ватан ҳамеша омода бошад ва дар роҳи ҳифзи он ҷони худро дареғ надорад.
Саодат Сатторӣ