Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Гвардияи миллӣ


130 Ҳамасола дар кишвар 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Бо ин муносибат дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон заминаи асосии таълиму тарбия, рушду такомули шахсият, мактаби ҷавонмардиву ҷасорат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Бо мақсади боз ҳам такмил додани ин арзишҳо ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Артиши миллӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол раиси Кумиати ҷавонон ва арзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси шаҳри Душанбе ба дидорбинӣ ва табрики хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ омаданд.
Дар аввал бо шароити сарбозони қисми ҳарбии 051055 шинос шуда, ҳамзамон аз ошхона, хобгоҳ ва толори «Шараф», ки дар ҳудуди қисми ҳарбии мазкур ҷойгир мебошад, дидан намуданд. Сипас бо як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ вохурӣ барпо намуда, сарбозону афсаронро бо рӯзҳои таърихӣ муборакбод гуфтанд. Аз суханонрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саҳми ҷавонон дар таъмини амният, дӯст дошатни ватан, эҳтирому ифтихори миллӣ ва содиқонаву софдилона иҷро намудани қарзи фарзандӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки Сарвари давлат дар ҳар як суханрониву вохӯриҳои худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва насли ҷавон ояндаи имрӯзу фардои давлат ба ҳисоб мераванд.
130 Дар идомаи ҳамоиш муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ иброз дошт, ки ҷавонони имрӯзи кишвар, насли истиқлол дар қиёс ба ҳама қишрҳои ҷомеа фаъолу суботкоранд, ташаббусҳои созанда доранд. Аз ҷумла, сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуб бо дасту дили гарм фаъолона иштирок мекунанд. Дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии ҚМҶТ-ро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, амнияти давлат, сулҳу ваҳдат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя менамоянд.
130 Дар анҷоми ҳамоиш барои робитаву ҳамкориҳои судманд дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ба муносибати рӯзи ҷавонон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо Сипосномаи раёсати кор бо ҷавонони ва варзиши шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Барои болидаруҳии сарбозон аз ҷониби дастаи ҳунарии Гвардияи миллӣ барномаи консертӣ пешниҳод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи ҷавонон ва рушду мавқеи онҳо дар самту соҳаҳои хоҷагии халқ, сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш диққати ҷиддӣ дода, онро ҳамчун як самти асосӣ дар сиёсати давлатдорӣ татбиқ менамояд. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамарӯза аз ѓамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор ҳастанд.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.