Дар шароити муосир мушкилоти терроризм ва экстремизми динӣ яке аз муаммоҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти сиёсии ҷаҳони имрӯза вазнин ва пешгӯинашаванда гаштааст. Ҷангҳои локалии давлатҳои алоҳида боиси тезу тунд шудани вазъияти сиёсии умумиҷаҳонӣ мебошанд. Хавфи оғоз гардидани ҷанги сеюми ҷаҳон бошандагони сайёраи заминро ба изтироб овардааст.
Терроризм ҳамчун воситае истифода мешавад, ки пушти он мақсадҳои ғаразноки қувваҳои муайян истодааст.
Олими намоёни рус А.Г. Асмолов оиди терроризм чунин ақида дорад. «Агар бо терроризм мубориза бурдан хоҳем, мо бояд донем, ки он се қиёфа дорад. Қиёфаи якуми он-фундаментализм чун идеологияи терроризм, дуюмин қиёфаи он-фанатизм ҳамчун психология, ки ба терроризм мебарад ва сеюмин қиёфаи он - терроризм ҳамчун технология мебошад.
Дуруст аст, ки аксарияти руйдодҳои террористӣ дар заминаи фундаментализми динӣ ба амал меояд. Гарчанде исбот шудааст, ки террорист миллат ва дин надорад!
Дар ягон таълимоти динӣ ақидаҳои зӯровариву фишор нисбати касе мушоҳида намешавад, алалхусус дар аркони дини ислом. Имрӯзҳо тамоми дунёро рафтори нохалафон, ашхосе, ки банди равияҳои ифротгаро гаштаанд, ба хашм овардааст.
Яке аз сабабҳои зиёд шудани тоифаи чунин шахсон ҷанг дар давлати Сурия мебошад. Одамони зиёди бегуноҳ ҳалок гашта, садҳо ашхоси дигар беватан, хору залил гаштанд.
Шумораи зиёди гурезагон вазъияти иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои Аврупоро халалдор намудааст. Дар байни гурезаҳо ашхоси ба терроризм ва экстремизм дастзада низ кам нестанд, ки ин ҳолати ниҳоят таҳдидовар барои на танҳо давлатҳои Аврупо, балки тамоми дунё мебошад.
Аъзоёни давлати бо ном исломӣ, толибон ба тамоми башарият таҳдид доранд, вазъи оламро ноором сохтаанд. Ин тоифа нохалафон дини мубини исломро «парчам» намуда, он гуна рафтор мекунанд, ки на танҳо ба арзишҳои исломӣ, балки ба арзишҳои ягон дини ҷаҳонӣ дуруст намеояд. Ҳатто зид ҳам ҳаст. Ҳол он ки дини мубини ислом яке аз динҳои таҳаммулпазири дунявӣ, маҳсуб меёбад. Арконҳои динӣ мусулмононро дар роҳи адолатпарварӣ, инсондӯстӣ, тоқатпазирӣ, бахшишу нексириштӣ талқин менамоянд.
Дар назди Худованд ҳама бандагон яканд: на араб аз форс ва на зардпӯст аз сиёҳпӯст ягон бартарие надорад ва онҳо баробарҳуқуқанд нисбати якдигар ва бартарии онҳо танҳо дар некӣ аст.
Мутаасифона, ташвиқотчиёни ин равияҳои номатлуб дар ҳама ҷо ба таври пинҳонӣ ва ҳам ошкоро амал мекунанд. Фикри ҷавононро ба ақидаҳои динӣ ҷалб намуда, ҳатто идаеро ба ҷанг талқин кардаанд. Ин ҷо мо бо қиёфаи дуюми терроризм сару кор дорем. Маҳз ба психологияи ҷавонон дохил шуда, парасторони бо ном диннӣ дар он «донаҳои фанатизмро мешинонанд», ки меваи он заҳролуд аст ва мафкурраро вайрон мекунад. Фаъолияти чунин гуруҳҳоро ночиз донистан хатои мутлақ аст. Эмисарҳои онон дар тарғиботи худ аз технологияҳои муосири психологӣ ба таври хеле васеъ истифода мебаранд ва дар натиҷа шумораи ҷавононе, ки гирифтори домашон гардидаанд, кам нестанд.
Қиёфаи сеюмини терроризм аз дуи дигараш бармеояд. Мо ин ҳолатро таи чанд сол дар тамоми дунё мушоҳида карда метавонем.
Дар ҳаққиқат агар нисбати ба вуҷуд омадани табаддулоти инқилобӣ дар якчанд давлатҳо диққат намоем, пай мебарем, ки онҳо аксар аз рӯйи як нақша, ё худ бо як мақсад ба амал оварда мешаванд.
Аз ин рӯ, аҳли ҷумҳурии мо, махсусан ҷавонон бояд ба қадри сулҳу оромии кишварамон бирасанд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, побанди гуфтаҳои ғаразноки таблиғотчиёни равияҳои гуногуни экстремистиву террористӣ нагарданд. Балки муттаҳид бошем, сарҷамъона барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон содиқонаву софдилона заҳмат кашем, бунёд кунем, хизмат намоем!
Подполковники гвардия Беҳзод Раҳимзода,
муовини командири қисми ҳарбии 051063
оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>