Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Иродаи ҷавонмардӣ

130 Пӯшидани либоси низомӣ ҳам як навъ дӯст доштани Модар-Ватан ва дар ин роҳ аз худ гузаштан аст. Ҷавонони ватандӯсту худогоҳ бо ҳамин маром ба сафи родмардони шуҷои Ватан шомил мегарданд ва хизмати ҳатмии ҳарбиро сарбаландона иҷро мекунанд. Маҳз эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, ба халқу Ватан ва аз худ кардани дарси садоқату ҷавонмардӣ дар идомаи хизмати ҳарбӣ аст, ки онҳо ба Модар-Ватан ва ҳар зарра хоки муқаддаси ин сарзамин то нафаси охирин содиқ мемонанд.
Иродаи ҷавонмардӣ аст, ки як гурӯҳ сарбозону сержантони ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дар раванди хизмати ҳарбӣ ихтиёран ба курси афсарони ҷавон ва прапоршикон шомил шуда, курсҳои кутоҳмуддати мазкурро сарбаландона хатм карданд. Муҳим он аст, ки хизмати ҳарбиро ҳамчун касби оянда ихтиёр карданд.
130 Санаи 21-уми октябр ба ифтихори хатмкардагони курсҳои афсарони ҷавон ва прапоршикон дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ чорабинии тантанавӣ доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Азаматзода Баҳриддин, муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳамаднаим, масъулини раёсати фармондеҳӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи марказ иштирок намуданд. Хатмкардагони курсҳои мазкур тибқи фармони фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои аввали афсарӣ ва прапоршики гвардия сарфароз карда шуда, ба вазифаҳои хизматӣ таъин гардиданд. Хизматчиёни ҳарбиро муовинони фармондеҳи Гвардияи миллӣ табрик намуда, онҳоро ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ, риояи талаботи оинномаҳо ва ноил гардидан ба комёбиву мувафаққиятҳо ҳидоят намуданд. Таъкид шуд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо масъулияти баланди касбӣ муносибат карда, талаботи оинномаҳои ҳарбиро ба таври намунавӣ ба ҷо оваред. Аз шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ самаранок истифода намуда, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи касбии хешро боз ҳам сайқал диҳед.
Хатмкардагони курсҳо-афсарону прапоршикон сафи афсарони гвардияро пурра намуда, ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ намуданд.

Майори гвардия Неъматуллои Холиқ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.