Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷашни Ваҳдат дар фазои Ваҳдат

Ба муносибати 27 июн – Рўзи Ваҳдати миллӣ дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда шуд. Роҳбарияти қисми ҳарбии 051058 вобаста ба ин санаи муҳими таърихӣ баргузории шоми саволу ҷавобро ба нақша гирифтанд, ки бо омодагии хуб, байни ҳайати шахсии сарбозону сержантон гузаронида шуд. Онҳо дар ҳайати даста иштирок намуда, ротаҳои худро муаррифӣ карданд. Ҳайати ҳакамон тибқи талаботи муқарраргардида саволҳоро ба иштирокчиёни дастаҳо пешниҳод намуданд. Ваҳдати миллӣ ва раванди бадастовардани он, давраҳои музокирот, қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бадаст овардани Ваҳдати миллӣ, мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну субот дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи саволҳои пешниҳодгардида буд. Ҳайати дастаҳо ба саволҳои додашуда посухҳои аниқу дақиқ ва маълумоти бештар доданд. Дар интиҳои шоми саволу ҷавоб сарбозону сержантон дар васфи Тоҷикистони азиз, ваҳдати миллӣ аз ашъори шоирон порчаҳои назмӣ қироат карданд.
130 Чорабинии дигар ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузории сабқатҳои варзишӣ буд. Мусобиқаҳои варзишӣ байни сарбозону сержантони қисми ҳарбӣ оид ба волейбол, дастхобонӣ, турниккашӣ, ва давидан ба масофаи 100 метр доир карда шуд. Хизматчиёни ҳарбӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ барои бадаст овардани ҷойҳои аввал рақобатҳои ҷолибу диданӣ анҷом доданд. Ҳамин тариқ, дар ҳар як намуди мусобиқа масъулини самти тайёрии ҷангии қисми ҳарбӣ нафари ғолиб ва ё дастаи беҳтаринро муаррифӣ намуд.
130 Ҳамчунин, гурӯҳи дигари сарбозону сержантон маҳорату малакаи ҷангии худро дар муҳорибаҳои тан ба тан ба таври намоишӣ нишон доданд. Ғолибони мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, дастаҳои беҳтарин-иштирокчиёни шоми саволу ҷавоб ва нафароне, ки дар чорабиниҳои маърифатӣ иштироки фаъолона доштанд, аз тарафи роҳбарияти қисми ҳарбии 051058 бо ифтихорнома, мактубҳои минатдорӣ ба волидон ва тўҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.
130 Қобили зикр аст, ки дар рўзи наворгирии мо дар фазои мусоиди ҷашнӣ гурўҳи наваскарон, ки алакай барномаи ибтидоии хизмати ҳарбиро сарбаландона аз худ кардаанд, дар назди роҳбарияти қисми ҳарбӣ ва волидону наздикон савганди ҳарбӣ қабул карданд. Наваскарон бо ифтихору самимият ва ҳамчун фарзандони ба ору номуси кишвар дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки ба савганди ёдкардаи хеш содиқ монда, баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ сарбаландона хизмат мекунем.
Албатта, ин ҳама сарфарозиҳо, шароити мусоиди хизмати ҳарбӣ, рафоқату муҳаббат, баргузории чорабиниҳо аз фазои орому осудаи Ватан ва неъмати бузурги истиқлолу ваҳдат мебошад.
Неъматуллои Холиқ
майори гвардия

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.