28 сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 сокинони сарбаланди кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки бахтномаи халқамон гардид, қабул намуд. Ин Конститутсия истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллат Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард,- таъкид шуд дар вохурии ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ бо Сайҳомид Шарипов, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳарчанд дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон комиссияи босалоҳият кор кардааст, вале саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамагонро дар назди қонун эълон кард, инсон, ҳуҳуқ ва озодиҳои ӯро арзишҳои олӣ эътироф кард, асосҳои сохтори конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатдориро муқаррар кард.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими давлатӣ буда, он ба талаботи замон ва эҳтиёҷҳои сиёсӣ, иқтисодии ҷомеа мутобиқ гардонда шудааст. Дар ин асос солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо тариқӣ райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Ҳамчунин дар идомаи вохӯрӣ намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андешаҳояшро оид ба Конститутсияи Тоҷикистон ва мавқеи он дар байни 10 Конститутсияи беҳтарин дар ҷаҳон баён намуда, ҳамчун як ҷавон эҳтиром ва пуштибонии худро аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби қонун ва татбиқи он баён намуд.
Вохуриро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим ҷамъбаст карда, иброз дошт, ки ба шарофати эҳтироми Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он мо тавонистем, бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, сулҳу амниятро таъмин кунем, ҷомеаи демократӣ бунёд карда, пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллатро таъмин намоем.
Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа