Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ

430 Дар ҷаҳони муосир инкишофи техника ва технология ҳарчанд барои рушди ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта бошад ҳам, таъсири худро бевосита дар ин ва ё он сатҳ ба шуури омма расонидааст. Мушаххасан дар бораи муборизаҳо ва навъҳои гуногуни ҷанг ва ё низоъ дар ҷомеа андешаҳои гуногун ва ё муносибатҳои хоссае низ ба миён омаддааст. Боиси зикр аст, ки ҳарчанд муборизаҳои гуногун ба шуур, минталитет ва тафаккури ҷомеа таъсири худро расонад ҳам, хавфноктарини он ҷангҳои иттилоотӣ дар ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.
Ҷаҳони муосирро таҳдид ва моҷароҳои гуногуни сатҳи минтақавӣ – байналхалқӣ фаро гирифтааст. Мисоли гуфтаҳои болоро метавон дар ҳамаро фарогир гардидани терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо асоснок намуд. Барои инкишофи минбаъдаи давлатдории миллии мо таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг ягона таҳдид ин таҳдиди ҷангҳои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар шароити муосир бо инкишофи фазои маҷозӣ ва такмили технологияи пешрафтаи олам, давлатҳои миллӣ барои ҳифзи фазои иттилоотии худ кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳанд.
Дар баробари ташаккул ёфтани технологияҳои муосир итиилоот воситаи асосии таъриррасонӣ гардидааст. Бешубҳа ҷангҳои иттилоотиро дар ин замон шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди фейсбук, инстаграм, твитер, ватсап ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил мекунанд.
Ҷангҳои иттилоотӣ дар шароити муосир сараввал ба низоми дохилии ҷомеа таъсир мегузоранд. Имрӯзҳо бинобар сабаби кам будани донишҳои сиёсӣ ва маърифати инсонӣ аксарият қурбони манфиатҳои шахсони алоҳида, гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мегарданд. Дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо доштани партали махсус дар фейсбук аз иродаи сусти ҷавонон истифода менамоянд. Барои мисол, мардуми шарафманди ВМКБ дар таҳкими 30-соли истиқлолияти давлатӣ ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ қарор доранд. Аммо аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои манфиатдор дар фазои маҷозӣ муборизаи иттиллотӣ ба вуҷуд омад. Ин ҳолатро ташкилоти террористӣ-экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи «наҳзати ислом» истифода намуда, бадбиниро нисбати ҳокимияти давлатӣ ба миён овард. Дар асл, алоқамандӣ байни мардуми шарафманди ВМКБ ва ҳизби мамнӯъи террористии «наҳзати ислом» вуҷуд надорад.
430 Муборизаҳои иттилоотӣ дар кишварҳои гуногун дар сатҳи гуногун, бо тарзу усулҳои нав ба нав зуҳур мекунад. Мисоли ин гуфтаҳоро дар вазъи ба амаломадаи Ҷумҳурии Қазоқистон низ дидем, ки чи гуна муборизаҳои иттилоотӣ вазъро муташаниҷ намуд. Тибқи таҳлилҳо ва оморҳои мавҷуда мухолифони ҳукумати мазкур бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуури мардум таъсир расонида, онҳоро бар зидди ҳокимият ва манфиатҳои миллӣ бархезонданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ҳар як иштироккунанда дар эътирозҳое, ки бар зидди сохтори конститутсионӣ равона гардида буд, маблағи муайянро ба даст овардааст.
Айни замон ин вазъро дар фазои сиёсии Федератсияи Руссия низ мушоҳида мекунем. Мухолифини ҳозираи ҳокимияти Руссия, ки аксарият дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд фаъоланд, муборизаи иттилоотиро бисёр равшану возеҳ нишон медиҳанд. Масалан, яке аз онҳо Навалний ба воситаи шабакаи иҷтимоии «тикток» дар охири соли 2020 ва аввали соли 2021 қишри зиёди оммаро ба эътирозҳо даъват кард. Дар шароити муосир навъ ва методҳои гуногуни муборизаҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд, ки аз ҷониби ин ва ё он гурӯҳҳои манфиатхоҳ истифода шуда, мақсадашон ноором кардани сохти сиёсӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ аст.
Пас, моро мебояд, ки дар раванди глобализатсия, инкишофи технология ва истифодаи он аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ва дар муборизаҳои иттилоотӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ, бунёди суботи сиёсӣ, рушди босуръати ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, амният ва таъмини фазои иттилоотии он зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Манфиати давлату миллатро аз ҳама арзишҳо боло гузошта, барои бунёди ҷомеаи демократӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, қадамҳои устувор гузорем.


Лейтенанти гвардия Аъзамзода С.,
қисми ҳарбии 051054

05.04.2022


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.