Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мувофиқи нашқа бояд 39 тонна пиёз ҷамъоварӣ кунанд, аммо...

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасон”-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 гектару 30 сотиқ замин, ки пиёзи тирамоҳӣ кишт шуда буд, хоҷагидорон 47 тонна пиёз ҷамъоварӣ намуданд. Мувофиқи нақшаи масъулини ақибгоҳ дар нақша буд, ки 39 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Тайи се рӯз ҳайати шахсии хоҷагӣ ва ёрдами сарбозони қисми ҳарбии 051059 ҷамъоварии ҳосилро ба анҷом расониданд.
130 Мувофиқи ҳисоби хоҷагидорон ҳосили ҷамъоваришуда аз нақша 22%, ё худ 8 тонна барзиёд мебошад. Ин миқдор пиёз барои таъмин намудани тамоми ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ содирот шуда, муддати муайян онҳоро бо маҳсулоти худии серғизо ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд. Барои таминоти пурраи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ бошад дар як сол наздики 70 тонна пиёз зарур аст. Инро ба инобат гирифта, бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо пиёз, дар масоҳати 1,5 гектар замин дар вилояти Суғд, пиёз кишт карда шудааст.
Хоҷагидорон ният доранд, ки дар 1 гектару 30 сотиқе, ки пиёзи тирамоҳиро ҷамъоварӣ намуданд, кишти такрорӣ гузаронида, карам кишт намоянд ва барои таъмини сарбозон бо маҳсулоти худӣ мусоидат намоянд.
130 Акнун хоҷагидорон ба ҷамъоварии картошка машғул мешаванд, ки дар масоҳати 6 гектар кишт карда шудааст. Қобили зикр аст, ки бо мусоид омадани боду ҳаво имсол ҳам дар хоҷагӣ ҳосил фаровон аст. Ҳамарӯза масъулин ротаи таъминоти хоҷагиро ба гурӯҳҳо тақсим карда, ба нигоҳубини сабзавоту полезӣ ва ҷамъоварии алаф барои хӯроки чорво сафарбар мекунанд, то ки корҳои хоҷагиро саривақт анҷом диҳанд. Ҳар сол аз алафҳои худрӯи заминҳои “Хоҷагии ёрирасон” зиёда аз 7000 дона баста (пресс) тайёр карда мешавад.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.