Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷамъомадҳои таълимии воҳидҳои артиллерӣ

430 Дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2022, инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, сайқал додани маҳорату малакаи касбӣ ва гузаронидани машғулиятҳои оташфишонӣ аз аслиҳа ва техникаҳои артиллерӣ аз 6 апрел то 30 апрели соли 2022 бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиллерии Гвардияи миллӣ машғулиятҳои саҳроӣ бо тирпарронии ҷангӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Машқҳои амалии оташфишонӣ бо ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 051055, 051058, 051059, 051064 дар Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир бо муваффақият ва самаранок анҷом ёфт. Роҳбарии ҷамъомадҳои таълимии ҷузъу томҳои артиллериро афсарони ботаҷрибаи ин воҳид ба зимма доштанд. Барои пурсамар гузаронидани машқҳои саҳроӣ мавзӯъҳо дар ҳайати дастаҳо ташкилу ба роҳ монда шуда, амали онҳо мувофиқи вазифаҳои ҷангӣ зина ба зина иҷро гардид. Баъди ба даст овардани маҳорату малака дар иҷрои вазифаҳои ҷангӣ сержантону сарбозон ба оташфишонӣ оғоз намуданд.
430 Ба чунин машқҳои амалии саҳроӣ ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051056 низ ҷалб гардиданд. Машғулиятҳо дар машқгоҳи саҳроии «Чорруқ-даррон» доир карда шуд. Роҳбарони машғулият дар нуқтаҳои таълимӣ ҳайати шахсиро доир ба риояи чораҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои машқи тирпарронӣ, таъинот ва хислатҳои ҷангии силоҳу муҳимоти ҷангӣ бори дигар шинос намуданд. Машғулиятҳои дастурдиҳӣ пеш аз оғози тирпаронӣ бо воҳидҳои артиллерӣ, зенитиву миномётӣ, гурӯҳҳои пулемётчиёну норинҷакандозон ва экипажи мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, ки онҳо низ ба машқҳои амалии саҳроӣ машғул буданд, гузаронида шуд. Рафти машғулиятҳои саҳроиро фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода назорат карда, донишу маҳорат ва малакаи касбии афсарону сарбозонро баҳогузорӣ кард. Барои самарабахш анҷом додани машғулиятҳои амалии тирпаронӣ, машғулиятҳои назариявӣ заминаи асосӣ буда, омӯзиши онҳо дар сатҳи зарур ба роҳ монда мешавад. Натиҷаи ин машғулиятҳо буд, ки машқҳои амалии оташфишонӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ пай дар пай ва моҳирона иҷро карда шуд.
430 Аз раванди машғулиятҳои амалии оташфишонӣ маълум гардид, ки ҳайати шахсии ба ҷамъомадҳо ҷалб гардида, барномаи таълимиро дуруст аз бар намуда, маҳорату малакаи ҷангии хешро такмил додаанд.


Капитани гвардия Неъматуллои Холиқ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.