Мутобиқи фармони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2023 ва тибқи Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ дар соли хониши 2023, бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҳайати шахсӣ оид ба омодабошии ҷангӣ ва сафарбарӣ, тайёрии ҷангӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, тайёрии давлатию ҷамъиятӣ, ҳолати интизоми ҳарбӣ, таъминот, ҳолати аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳӣ аз 15 май то 10 июни соли 2023 дар қисмҳои ҳарбӣ санҷиши маҷмӯӣ гузаронида шуд. Фаъолияти қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллиро дар шаш моҳи аввали соли хониши 2023 комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби сардорони раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ташкил карда шуд, мавриди санҷиш қарор доданд. Барои пурсамар ва саривақт иҷро шудани фармони фармондеҳ ва бо мақсади санҷиши мукаммали ҷузъу томҳо комиссия ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар асоси дастури пешакӣ самтҳои муҳими хизмати ҳарбӣ, яъне омодабошии ҷангӣ, тайёрии силоҳу техникаҳои гуногуни ҷангӣ ва маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбиро ҳадаф қарор доданд. Гурӯҳи якум таҳти роҳбарии генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек Ҷӯрабек, Сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва гурӯҳи дуюм бо роҳбарии генерал - майори гвардия Самарзода Қиёмиддин Шароф, муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ фаъолиятро аз рӯи ҷадвал ва нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда, аз бурду бохти ҷузъу томҳо дар шаш моҳи соли 2023, натиҷаҳои санҷиш ба Фармондеҳи Гвардияи миллӣ санад пешниҳод намуданд.
Қобили зикр аст, ки тамоми фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ дар асоси қонун, нақша, фармон ва дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармондеҳи Гвардияи миллӣ сурат мегирад. Дар асоси ин ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда дар баробари ба итмом расидани як чорабинӣ ташкилу тарадуд ба чорабинии дигар оғоз мегардад. Чуноне ки дар боло қайд гардид, дар асоси санҷиши комиссия, таҳлилу баррасии фаъолияти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дар нимсолаи якуми соли хониши 2023, дар раванди хизмат, иҷрои вазифаҳо норасоиву камбудиҳо низ ба назар расиданд. Бо ҳамин мақсад, яъне расонидани ёрии амалӣ дар пешбарии хизмат, омода намудани ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи сарбозон, таъминоти техникӣ гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуд.
Мутобиқи фармони фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва баҳри иҷрои Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз 13 июн то 30 июни соли 2023 ҷамъомадҳои дурӯза бо командирони қисмҳои ҳарбӣ, сардорони ситодҳо, муовинони командирон ва сардорони қисмҳои махфии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида, ташкил ва гузаронида мешавад. Ҷамъомадҳо дар заминаи фармондеҳӣ, Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир, қисмҳои ҳарбии 051055, 051064 гузаронида мешавад.
То имрӯз машғулиятҳои таълимӣ-методии масъулини самти тайёрии ҷангӣ, сардорони ситоди қисмҳои ҳарбӣ гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа