Моҳи декабр дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ давраи омодагӣ ба соли хониш мебошад. Бо ин мақсад мувофиқи нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосӣ дар ҳама самтҳои хизмат ҷамъомадҳои таълимӣ-усулӣ гузаронида мешаванд. Ҷамъомадҳо бештар таҳти роҳбарии масъулини соҳа ва дар асоси нақшаҳои пешакӣ омодакардаи онҳо баргузор мегардад. Зеро моҳи ноябр гурӯҳи босалоҳият таҳти роҳбарии сардори Сарситод – муовини аввал ва дигар муовинони фармондеҳ дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми самтҳои хизмати ҳарбиро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар асоси камбудиву норасоиҳои ошкоргардида, нақшаи ислоҳи камбудиҳо тартиб дода шуд. Ҳамчунин барои иҷрои намунавии онҳо, ҳар чи беҳтар ба роҳ мондани хизмат ва дар якҷоягӣ таҳлилу баррасӣ намуданашон мавзӯъҳои ҷамъомади таълимӣ интихоб гардид.
8 декабри соли равон ҷамъомади таълимӣ-усулии муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар заминаи қисми ҳарбии 051064 доир карда шуд, ки дар он мутахассисон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби хизмати ҳарбӣ, таҳлили вазъу хатарҳои имрӯзаи ҷаҳон ва таъсири он ба амнияти давлат, арзишҳои миллӣ, мустаҳкам намудани коллектив, пешгирии ҷиноят ва монанди ин масъалаҳои муҳим мавзӯъҳои ҷамъомади масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ интихоб гардид. Ҷамъомад таҳти роҳбарӣ ва назорати муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим гузаронида шуд.
Чунин ҷамъомад бо сардорони ситоди қисмҳои ҳарбӣ, масъулини кадрҳо ва қисмҳои сафии ҷузъу томҳо давом ёфт. Фаъолияти ин самтҳо бештар бо ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама иҷроиш ва назорати қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба омодабошии ҷангӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, коргузории махфӣ, ғайримахфӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҷамъомади сардорони ситоди қисмҳои ҳарбӣ таҳти роҳбарии генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ ташкилу ба роҳ монда шуд.
Қобили зикр аст, ки мақсад аз гузаронидани ҷамъомадҳои мазкур баланд бардоштани малакаи касбии сардорон, командирон оид ба идоракунии ҷузъу томҳо, банақшагирии фаъолияти хизматӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолати гузаронидан ба дараҷаҳои гуногуни омодабошии ҷангӣ мебошад. Ҷамъомадҳои таълимӣ дар дигар самтҳои хизмат то 29 декабри соли равон идома меёбанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа