Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷамъомадҳои таълимӣ

430 Дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба давраи аввали соли хониши 2022, таҳлилу баррасии муваффақияту пешравиҳои хизматӣ ва дар баробари ин бартараф намудани камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷишҳои маҷмӯӣ ошкор гардиданд, аз 8-уми декабри соли 2021 бо масъулини самтҳои асосии хизмати ҳарбӣ ҷамъомадҳои таълимӣ-усулӣ оғоз гардид.
Ҷамъомади таълимӣ бо сардорони ситод дар заминаи қисми ҳарбии 051055 баргузор шуд. Масъалаҳои асосии ҷамъомадро тарзи пурра ба роҳ мондани фаъолияти қисмҳои ҳарбӣ, таҳия ва истифодабарии дурусти ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, хизматӣ ва ҷангӣ, идоракунии ҷузъу томҳо, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амали ҷузъу томҳо ҳангоми фаъолияти ҳамарӯзаи хизматӣ ташкил намуд. Ҳамчунин дар ҷамъомад сардорони ситод ба мавзӯи пешбарии хизмати қаровулӣ ва марҳилаҳои омодасозии қаровул диққати махсус зоҳир намуданд. Тибқи нақша дар шаҳрчаи қаровулии қисми ҳарбӣ тартиби ивазшавии қаровул ва иҷрои вазифаҳои посбон амалӣ намоиш дода шуд. Дар ҷамъомади мазкур сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Ҷонибек Ализода иштирок дошт. Дар охири ҷамъомад ҳисоботи сардорони ситод оид ба фаъолияти хизматӣ дар соли 2021 шунида шуд.
Ҷамъомад бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар қисми ҳарбии 051064 гузаронида шуд. Чун ҳамешагӣ ҷамъомадро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майори гвардия Қиёмиддин Самарзода оғоз намуд. Тарз ва усули ташкили машғулиятҳои командирӣ бо командирони отделения, взвод ва рота оид ба ташкили фаъолияти таъминоти техникии ҷузъу томҳо мавзуи дарси якум буд. Таъкид шуд, ки командирони отделения ва взводу рота звенои асосӣ ба ҳисоб рафта, дар идоракунӣ, роҳбарӣ, нигоҳдории ҳайати шахсӣ ва ташкили фаъолияти техникии ҷузъу томи ба худ вобаста масъулияти баландро ба зимма доранд. Аз ин ру, масъулини самти аслиҳа ва техникаи ҳарбиро зарур аст, ки вобаста ба пешрафти фаъолияти хизматӣ ва дар ҳолати омодабошӣ нигоҳ доштани техникаҳои ҳарбӣ бо фаъолияти хизматии командирони отделения ва взводу рота таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар идомаи ҷамъомад аз ҷониби афсарони Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар мавзӯи истифодабарии техникаҳои автомобилӣ, техникаҳои ҷангӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии аслиҳаи мушакию артилерӣ машғулиятҳо гузаронида шуд. Ҷамъбасти ҷамъомад бо пешниҳод намудани ҳисоботи солонаи ҳайати шахсии ҷалбшуда анҷом ёфт.
430 Ҷамъомади таълимӣ бо сардорони қисмҳои сафӣ ва шуъбачаҳои кадрҳои қисмҳои ҳарбӣ таҳти назорати бевоситаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ сурат гирифт. дар асоси талабот ва доираи нақшаи гузаронидани ҷамъомадҳо шурӯъ гардид. Мавзӯъҳои ҷамъомад тибқи супориши ҳайати роҳбарикунанда интихоб шуда, пеш аз ҳама назорати фаъолияти Раёсату шуъбаҳои номбурда дар асоси ҳуҷчатҳои роҳбарикунанда ба инобат гирифта шуд. Тарзи дурусти истифодабарии дастурамали коргузорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии марказӣ, таҳияи лоиҳаи фармон, баҳисобгирии ҳайати шахсӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, тартиби даъват ва қабули шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ инчунин, тартиби пешниҳод ва сарфароз намудани хизматчиёни ҳарбӣ ба рутбаҳои ҳарбӣ мавзуъҳои асосии ҷамъомадро ташкил намуданд.
Рӯзҳои 15-16 декабри соли 2021 дар қисми ҳарбии 051055 ҷамъомади дурӯзаи таълимӣ-методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва афсар-рӯҳшиносони қисмҳои ҳарбӣ ташкилу гузаронида шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудан ва ба иштирокчиён аз лиҳози илмӣ ва таҷрибаҳо шарҳу тавзеҳ додани мавзӯъҳои таълимӣ ба ин ҷамъомад прокурор-криминалисти Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Ҳомидзода Абдуҷаббор, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холов Хуршед ва муаллими калони кафедраи психологияи донишгоҳи мазкур Ҷӯрабоев Ҷонибек даъват гардида, бо иштирокчиён машғулият гузарониданд. Ҳамзамон, мувофиқи нақша дар ҷамъомади мазкур доир ба фаъолияти минбаъдаи самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, роҳҳои пешгирии ҷинояту кирдорҳо, бартарафкунии камбудиҳои ҷойдошта «Мизи мудаввар» доир карда шуд, ки дар он аз ҷониби муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва дигар иштирокчиён як қатор таклифу пешниҳод баён гардид. Дар охири ҷамъомад ҳисоботи муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ шунида шуд, ки аз ҷониби муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковники гвардия Собириён Маҳмаднаим натиҷаи фаъолияти самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Чунин ҷамъомадҳои таълимӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус, сардорони шуъбаву хадамоти ақибгоҳ, бо сардорони қисмҳои махфӣ ва бо командирони қисмҳои ҳарбӣ гузаронида мешаванд, ки то 30-юми декабр идома меёбад. Бояд қайд кард, ки ҷамъомадҳои таълимӣ бо мақсади такмил додани донишу маҳорати хизматчиёни ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни хизмати ҳарбӣ пайваста гузаронида мешаванд.


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ ҶТ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.