Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷамъомадҳои таълимӣ

430 Бо мақсади таҳлилу баррасӣ намудани натиҷаи санҷишҳои маҷмуӣ ва пурсамар гузарондани давраи таҳсили зимистони соли 2025 дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадҳои таълимӣ баргузор гардида истодааст. Ҷамъомадҳои мазкур дар ҳайати взводу ротаҳо оғоз шуда, зинаҳои гуногуни хизматчиёни ҳарбиро дар бар мегиранд. Рафти ҷамъомадҳои таълимиро дар қисмҳои ҳарбӣ Сардори сарситоди Гвардияи миллӣ таҳти назорат қарор додааст ва ҳамзамон аз раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ афсарони ботаҷрибаро барои расондани ёрии амалӣ ба командирони сатҳу зинаҳои гуногун вобаста кардаанд. Дар баробари ин гурўҳҳои назоратӣ машғулиятҳоро дар қисмҳои ҳарбии 051054, 051055 ва 051057 мавриди санҷиш қарор дода, донишу маҳорати сержантонро бо командири қисми ҳарбӣ таҳлилу баҳогузорӣ намуданд.
Афсароне, ки бо раванди таълим вобастаанд аллакай тартиби мавзӯъ ва нақшаҳоро мувофиқи барномаҳои таълимӣ ҷобаҷо карда, дар муқоиса ба дарсҳои қаблӣ ба тарзу усули таълим тағйиру иловаҳои заруриро вобаста ба талаботи замони муосир ворид кардаанд.
Ҷамъомадҳои таълимӣ дар фармондеҳии Гвардияи миллӣ аз 5-уми декабри соли равон оғоз гардид. Шуъбаи алоқа ва зерсохторҳои он дар қисмҳои ҳарбӣ машғулиятҳоро амалӣ ва назариявӣ дар заминаи қисми ҳарбии 051064 гузаронданд. Иштирокчиёни ҷамъомад мавзуъҳоро оид ба воситаҳои алоқа, хислатҳои тактикӣ - техникии онҳо, радиодастгоҳ, радиомубодила ва истифодаи воситаҳои муосири алоқа аз худ намуданд.
430 Ҷамъомади табибон-хизматчиёни ҳарбӣ дар Шифохонаи ҳарбӣ, бо иштироки сардори шуъбаи тиббӣ-ҳарбии фармондеҳӣ, сардори комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ, сардори Шифохона, ҳайати табибон ва шахсони масъули нуқтаҳои тиббии қисмҳои ҳарбӣ ба таври ҳисобот ва баррасии масъалаҳои ҳалталаб гузаронида шуд. Мувофиқи маълумоти сардори шуъбаи тиббӣ-ҳарбии фармондеҳӣ бемориҳои сироятӣ дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 кам шуда, таъминоти дору 16 фоиз афзудааст. Ҳамзамон дар бунгоҳҳои тиббии қисмҳои ҳарбӣ таъминот бо сару либос ва дорувориҳо дучанд зиёд гаштааст.
Бо мақсади такмил додани дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва баррасии фаъолияти солонаи сардорони қисмҳои сафӣ ва кадрҳои қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомади таълимӣ гузаронида шуд. Сардорони раёсати корҳо, раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ фаъолияти зерсохторҳоро дар қисмҳои ҳарбӣ баррасӣ карда, оид ба тартиби коргузорӣ ва риояи талаботи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда дар қисмҳои ҳарбӣ ва фармондеҳӣ маълумот доданд.
Ҷамъомадҳои таълимӣ то 28 декабри соли 2024 идома меёбанд.

Комилзода Хайринисо
полковники гвардия



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.