Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2022

430 Нимаи дуюми моҳи декабр дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти самтҳои асосии хизмати ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Муовинони командирон, ки дар қисмҳои ҳарбӣ ба самтҳои алоҳида масъуланд, аз фаъолияти худ дар давоми соли 2021 дар назди сардорони раёсат ва муовинони соҳавии фармондеҳ ҳисобот доданд. Фаъолияти қисмҳои ҳарбиро таҳлилу ҷамъбаст карда, муовинони соҳавии фармондеҳ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои нақшаву чорабиниҳои гуногуни давлатӣ, ҳарбӣ-таълимӣ, оммавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, иҷрои корҳои ободонӣ, хоҷагидорӣ ва дигар корҳои анҷомдодаи самти вобасташуда ҳисобот доданд. Дар ҷаласаи васеи ҷамъбасти фаъолияти Гвардияи миллӣ муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор иштирок дошт.
Дар аввал Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»- ро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дод. Таъкид шуд, ки аз якуми январи соли 2022 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хизматчиёни ҳарбӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба бояд баҳри баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, сайқал додани маҳорату малакаи касбӣ ва аз худ намудани аслиҳаву техникаи муосири ҳарбӣ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намоем, баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз ҷони худро дареғ надорем.
Сипас, Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи сардори Сарситод-муовини аввал ва дигар муовинони фармондеҳ фаъолияти Гвардияи миллиро дар соли 2021 таҳлилу баррасӣ намуд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои стратегияҳои миллӣ ва протоколҳои маҷлиси назди фармондеҳи Гвардияи миллӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстии ҳайати шахсӣ, беҳтар намудани таъминоти техникӣ, молиявӣ, ақибгоҳ, пуррагардонии сафҳои Гвардияи миллӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, ба муносибати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо амалӣ шуда, корҳои ободонӣ ва бунёбкорӣ вусъат гирифт. Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои ташкилӣ, таъмини амнияту бехатарӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузошта, вазифаҳои базиммадоштаашонро сарбаландона иҷро карданд. Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ба ҳайати шахсӣ барои бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар соли 2022 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор баромад намуда, оид ба мураккаб будани вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақа, аз ҷумла кишварҳои бо мо ҳамсарҳад ибрози андеша карда, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳайати шахсии Гвардияи миллиро барои моҳирона аз худ намудани мавзӯъҳои самти тайёрии ҷангӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ ҳидоят кард.
Дар охири ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият барои ноил гардидан ба комёбиҳо дар тайёрии ҷангӣ, сиёсӣ-тарбиявӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ дар соли 2021 мавқеи қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ чунин муайян шуда, шахсони масъул бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд:
430 -дар байни қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ қисми ҳарбии 051052 (командири қ/ҳ подполковники гвардия Раҳимов О.) сазовори ҷойи якум гардида, бо Байрақи сайёр ва тӯҳфа (телевизор) сарфароз карда шуд.
-дар байни баталёнҳо қисми ҳарбии 051059 (командири қ/ҳ полковники гвардия Раҳимзода А.) сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо Байрақчаи сайёр ва тӯҳфа (маркази мусиқӣ) сарфароз гардонида шуд.
-дар байни шуъбачаҳои таъиноти махсус - шуъбачаи қисми ҳарбии 051056 (сардори шуъбача подполковники гвардия Шарифзода И.) сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо тӯҳфа (телевизор) сарфароз гардонида шуд.
-дар байни гурӯҳҳо-гурӯҳи қисми ҳарбии 051062 (сардори гурӯҳ капитани гвардия Саидҷомиев Н.) сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо тӯҳфа (маҷмӯи ашёҳои варзишӣ) сарфароз гардонида шуд.
- дар байни ротаҳо- ротаи ҳифз ва таъминоти Маркази миллии таълимӣ оид ба терроризм ва маводи мухадир (командири рота лейтенанти калони гвардия Равшанзода Р.) сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо тӯҳфа (компютер) сарфароз гардонида шуд.
-дар байни взводҳо - взводи қисми ҳарбии 051055 (командири взвод лейтенанти калони гвардия Ниёззода М.) сазовори ҷойи намоён дониста шуда, бо тӯҳфа (компютер) сарфароз гардонида шуд.
-дар байни отделенияҳо дастаи алоҳидаи қисми ҳарбии 051064 (сержанти хурди гвардия Муборакшоев Н.) сазовори ҷойи намоён дониста шуда, бо тӯҳфа (соати деворӣ) сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин, ғолибони озмуну сабқатҳои дигар, ки қаблан масъулини самти хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ ва тайёрии ҷангӣ гузаронида буданд, бо «Ифтихорнома» ва дигар тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
430 Қаровулхонаи беҳтарин:
- қисми ҳарбии 051059 - ҷойи якум;
- қисми ҳарбии 051058 - ҷойи дуюм;
- қисми ҳарбии 051062 - ҷойи сеюм.
Шаҳрчаи қаровулии беҳтарин:
- қисми ҳарбии 051059 - ҷойи якум;
- қисми ҳарбии 051056 - ҷойи дуюм;
- қисми ҳарбии 051058 - ҷойи сеюм.
Нуқтаи назорати гузаргоҳи беҳтарин:
- қисми ҳарбии 051058 - ҷойи якум;
- қисми ҳарбии 051062 - ҷойи дуюм;
- қисми ҳарбии 051059 - ҷойи сеюм.
Мусобиқаи зеҳнӣ - ҳарбӣ дар байни командирони ротаҳо:
- лейтенанти калони гвардия Одиназода Эмомалӣ Қурбоналӣ, командири ротаи қисми ҳарбии 051059 - ҷойи якум;
- лейтенанти калони гвардия Нарзуллозода Кароматулло Маҳмадулло, командири ротаи қисми ҳарбии 051062 - ҷойи дуюм;
- майори гвардия Нозимзода Баҳром Ҳайдар, командири ротаи қисми ҳарбии 051057 ҷойи сеюм.
Дар байни командирони взводҳо:
- лейтенанти гвардия Сафарзода Фирдавс Нурмаҳмад, командири взводи қисми ҳарбии 051056 - ҷойи якум;
- капитани гвардия Рузизода Фирӯз Абдухолиқ, сардори гурӯҳи қисми ҳарбии 051057 - ҷойи дуюм;
- лейтенанти калони гвардия Ғайратзода Бахтовар Ғайрат, командири гурӯҳи қисми ҳарбии 051052 - ҷойи сеюм.
Дар байни сержантон:
- сержанти хурди гвардия Дилшоди Хайрулло, командири туп, қисми ҳарбии 051059 - ҷойи якум;
- сержанти гвардия Саидов Азиз Рахмоналиевич, командири отделения, қисми ҳарбии 051052 - ҷойи дуюм;
- сержанти гвардия Абдуҷаборзода Абдулҳақ Файзулло, командири отделения, қисми ҳарбӣ 051054 - ҷойи сеюм.


полковники гвардия Комилзода Х.


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.