Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷамъбасти фаъолияти Гвардияи миллӣ дар соли 2023

10 январи соли 2024 маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, таҳти роҳбарии фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода баргузор гардид. Дар маҷлис муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Файзуллозода Шараф Ҷаббор, муовинони фармондеҳи Гвардияи миллӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои алоҳида, хадамоти фармондеҳӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ иштирок доштанд. Ҷаласа се масъалаи асосиро дар бар гирифт: ҳисоботи сардорони комиссияҳои санҷиши маҷмӯавӣ дар соли 2023; ҳисоботи муовинони фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба ҷамъбасти соли хониши 2023; вазифаҳои асосӣ барои семоҳаи аввали соли 2024.
130 Аз рӯи масъалаи якум раисони комиссияҳо-сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек ва муовини фармондеҳ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майори гвардия Самарзода Қиёмиддин ҳисобот доданд. Ҳар кадом фаъолияти қисмҳои ҳарбиро дар самтҳои асосии хизмати ҳарбӣ таҳлилу баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин муовинон оид ба фаъолияти солонаи раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳо дар қисмҳои ҳарбӣ ҳисобот дода, оид ба иҷро намудани нақшаҳои тайёрии ҷангӣ дар самти ситод, муайян намудани ҳолати омодабошӣ ва тайёрии ҷангӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, таҳлилу баҳогузории қобилияти ҷангии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти хизматчиёни ҳарбӣ, рушди тарбияи ҷисмонӣ, татбиқи Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳои чорабиниҳои асосӣ, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳои терроризму экстремизм ва коррупсия, таъминоти қисмҳои ҳарбӣ бо силоҳу воситаҳои махсуси муосир, ташкили дурусти таъмиру хизматрасонӣ, истифодаю тақсимбандии дурусти маблағҳои буҷетӣ ва хароҷоти сарфакоронаи муҳимоти ҷангӣ, таъминоти ақибгоҳ, фаъолияти КВД “Хоҷагии ёрирсон” маълумот доданд.
130 Ҳисоботро шунида, фармондеҳи Гвардияи миллӣ фаъолияти ҳайати шахсиро дар соли 2023 пурсамар ва натиҷабахш арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки тайёрии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дар ин давра тибқи талаботи Амру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ барои соли 2023 ва протоколҳои ҷаласаҳои назди Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ба роҳ монда шуданд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо иҷро гардиданд.
Дар соли сипаригашта ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ иштирок карда, вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карданд. Ҳамчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, барои шуҷоат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Гвардияи миллӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, 64 нафар аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи ҳарбӣ, 623 нафар аз ҷониби фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо рутба ва медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.
130 Фармондеҳи Гвардияи миллӣ аз фурсат истифода карда, ба ҳайати фармондеҳӣ ва командирони сатҳу зинаҳои гуногун барои хизмати содиқона ва иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Изҳори боварӣ кард, ки бо саъю кӯшиш ва ғайрату ҷасорати ҳайати шахсӣ соли 2024-ро низ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳем кард. Сипас, аз кӯмаку дастгириҳо, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки 28 декабри соли 2023 дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид, ёдовар шуд. Таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи нави пешрафт қадам мегузорад. Давлату миллат дар фазои орому осуда, амнияту иттиҳод рушд мекунад. Вазифаи мо -хизматчиёни ҳарбӣ аз таъмини амният, якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи дастовардҳо иборат аст. Барои ин бояд аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба, тамоми кӯшиш ба он равона намоем, ки маҳорату малакаи касбиро сайқал дода, вазифаҳои хизмативу ҷангиро дар сатҳи зарурӣ иҷро намоем.
Бо мақсади ташкил ва дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани омодабошии баланди ҷангӣ, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ, таъминоти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва ақибгоҳ, фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муовинон ва командирони қисмҳои ҳарбӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
130 Ҳамчунин муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, фаъолияти хизматии гвардиячиён, саҳми онҳо дар ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ шоиста арзёбӣ кард. Иброз намуд, ки шароити хизмат, вазъи иҷтимоии афсарон ва таъминоти онҳо пайваста дар мадди назари Сарфармондеҳи Олӣ қарор дорад. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 100 фоиз зиёд карда шуд. Албатта, ин ғамхориҳо моро водор месозад, ки боз ҳам дар ҳифзи Ватану миллат ҷони худро дареғ надорем. Инчунин хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда, истифода карда, донишҳои ҳарбии худро сайқал диҳанд, техникаҳои муосири ҷангӣ, технологияҳои иттилоотиро аз худ намоянд. Зеро вазъи ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки аз таҳдиду хатарҳои минтақа ва ҷаҳони муосир ягон давлату миллат эмин буда наметавонад. Дар ҳама ҳолат ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон бояд омода бошем.
Дар охир ба ғолибони озмунҳои «Беҳтарин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ», «Беҳтарин қаровулхона», «Беҳтарин шаҳрчаи қаровулӣ», ва виктаринаи зеҳнӣ-ҳарбӣ, ки байни қисмҳои ҳарбӣ гузаронида шуданд, Ифтихорномаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.