Ба ифтихори 30-юмин солгарди рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати роҳбарикунандаи Гвардияи миллӣ, намояндагон аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маърўзаҳои хеш баромадкунандагон доир ба таърихи пайдоиши Конститутсия, заминаҳои бунёдӣ, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ҳадафҳои истиқбол аз 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ,мақсаду мароми эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маълумот доданд.
Таъкид гардид, ки 30 сол қабл, мардуми шарафманди кишвар қонуни асосии давлатро, ки бахтномаи миллат дониста мешавад, бо иродаи сулҳхоҳиву ваҳдатофарӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карданд. Дар атрофи роҳбари сиёсии хеш, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, роҳи дурусту муваффақро интихоб карданд. Дар асоси моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 10 конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Бо гузашти айём аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид ва имрўз хурду бузурги кишвар бо ифтихору сарфарозӣ ин рўзи таърихиро дар фазои сулҳу ваҳдат, оромиву осудагии мардуми кишвар ҷашн мегиранд. Дар идомаи суханрониҳои намояндагон зикр шуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии қабули Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар рўҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои волои инсонӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Аҳли толор - афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз маърўзаҳои меҳмонон, намояндагони кору касби гуногун доир ба Конститусия ва ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маълумоти бештар гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми сокинони кишвар ҷашни 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон ва“Соли маърифати ҳуқуқӣ”-ро бо дастовезҳои арзанда пешвоз гирифтанд. Бо ин мақсад дар байни ҳайати шахсӣ озмунҳои “Беҳтарин донандаи Оинномаҳо”, “Маърифати ҳуқуқӣ-омили таъмини волоияти қонун”, “Мавқеи қонун дар ҳаёти инсон”, “Механик ронандаи беҳтарин”гузаронида шуд.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои зеҳниву маърифатӣ ва техникӣ, зиёда аз 20 нафар бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ