Натиҷаҳои фаъолияти ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 вобаста ба самтҳои хизмати ҳарбӣ 10-уми январи соли 2026 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати фармондеҳӣ ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни роҳбарии Гвардияи миллӣ ҷамъбаст гардид. Нишондодҳои омодабошӣ ва тайёрии ҷангӣ, таълиму тарбияи сержантон ва афсарони ҷавон, интизоми ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳ, аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, пуррагардонии ҷузъу томҳо, вазъи иҷтимоӣ, тандурустии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар самтҳои муҳими хизмат аз ҷониби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Бо мақсади дар оянда боз ҳам дуруст ба роҳ мондани хизмат ва иҷрои саривақтии вазифаҳое, ки ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ вогузор шудааст, ба ҳамаи иштирокчиён дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.
Сипас, вазифаҳои Гвардияи миллиро дар самтҳо барои соли 2026 муайян намуда, аз кўмаку дастгириҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём ба Маҷлиси Олии кишвар баён шуд, оид ба зиёд намудани пардохти музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва давра ба давра беҳтар намудани таъминот ва инфрасохтори Қувваҳои Мусаллаҳ ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар паёмашон аз соли 2026 ҳамчун соли таърихӣ-соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, “Соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Мо хизматчиёни ҳарбӣ пеш аз ҳама ҳамчун шаҳрвандони бонангу ор ин иқдомро дастгирӣ карда, тамоми саъю кўшиши худро ба иҷрои амру фармонҳо, дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олӣ-таъмини амният ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб равона карда, онро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат мекунем.
Муовини котиби Шурои амнияти Тоҷикистон генерал-лейтенант Файзуллозода Шараф Ҷаббор саҳми ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳифзи дастовардҳои кишвар арзанда арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки Гвардияи миллӣ элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ буда, қувваи захиравии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақаро таҳлил намуда, таъкид кард, ки бояд ҳамеша дар пайи омўзиш ва аз худ кардани роҳу усулҳои нави пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳо бошем. Чуноне ки Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, дар ғафлат намонем.
Ҳамчунин, аз хизмати занону бонувон дар сафҳои Артиш, бештар ҷалб намудани онҳо ба хизмат ва саҳмашон дар самтҳои муҳими хизмати ҳарбӣ ёдовар шуд.
Дар анҷоми маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Гвардияи миллӣ дар соли 2025, барои ноил гаштан ба комёбиҳо дар самти омодабошии ҷангӣ, хизмати қўшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, тайёрии ҷангӣ, тайёрии давлатию-ҷамъиятӣ, интизоми ҳарбӣ, ҳолати аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳӣ қисми ҳарбии 051055 сазовори ҷои якум дониста шуда, бо «Байрақи сайёр» сарфароз карда шуд. Ҷойи дуюм насиби қисми ҳарбии 051059 гардид. Дар байни ротаҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ бошад, ротаи таълимии тайёрии мутахассисони хурд аз қисми ҳарбии 051052 сазовори ҷои якум дониста шуда, бо «Ифтихорнома» аз номи фармондеҳи Гвардияи миллӣ сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, ба як гурўҳ ғолибони озмуну мусобиқаҳои ҳарбӣ, варзишӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Родмардон