Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷаласаи корӣ доир ба ҷобаҷогузории кадрҳо баргузор гардид

130 18 июли соли 2024 Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода бо мақсади таҳлилу баррасии масоили гуногуни хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла иҷрои вазифаҳои хизматӣ, нақшаҳо, дастуру супоришҳо, протоколҳои маҷлиси назди фармондеҳ, риояи Оинномаҳои ҳарбӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо бо ҳайати шахсӣ ҷаласаи корӣ доир намуд. Дар маҷлиси васеи Гвардияи миллӣ муовини якум- сардори Сарситод, муовинон, мушовирони фармондеҳ, сардорони раёсату шуъбаҳои алоҳидаи фармондеҳӣ, командирони сатҳу зинаҳои гуногун иштирок доштанд.
130 Дар асоси маълумоту ҳисоботи муовинони фармондеҳ, командирони қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ дар нимсолаи аввал Фармондеҳи Гвардияи миллӣ суханронӣ намуда, аз фаъолияти ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ натиҷагирӣ намуд. Сипас оид ба таълиму тарбияи кадрҳо ибрози андеша намуда, чунин баён дошт:
Омода намудани кадрҳои лаёқатманди касбӣ яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар сол муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, аз ҷумла омӯзишгоҳу донишгоҳ ва академияҳои ҳарбиро садҳо курсантони ҷавон-хизматчиёни ҳарбӣ хатм менамоянд. Баъд аз 4-6 соли омӯзиш, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ онҳо ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ шурӯъ мекунанд. Аз ин давра боз ҳам аз 6 то 8 соли дигар лозим мешавад, ки ба маҳорату қобилияти хизматчии ҳарбӣ ҳамчун афсари лаёқатманди касбӣ, командири ғамхору сахтгире, ки ҳайати шахсиро идора мекунад, вазифаҳои ҷангиро иҷро карда, сиёсати ҳарбии давлатро пеш мебарад, ба халқу ватан содиқона хизмат мекунад, баҳо дода шавад. Албатта, давраи таҳсил дигару хизмати ҳарбӣ дигар аст. ...
130 Қобили зикр аст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмат, таъминоти ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи сержантону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ ва ба ин восита дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ зиёда аз 100 нафар афсарони ботаҷрибаву лаёқатманд мувофиқи талаботи сохторӣ аз нав ҷобаҷогузорӣ (ротатсия) карда шуданд. Фармондеҳи Гвардияи миллӣ тағйироти кадриро дар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода, пеш аз ҳама аз онҳо масъулият, масъулияти ватандорӣ, худшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои давлату миллатро талаб намуд. Зеро вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизмативу ҷангӣ ҳушёру зирак бошем.
130 Чуноне ки Сарфармондеҳи Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, дар ғафлат намонем. Дар идомаи суҳбат генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода афсарони нав ба вазифаҳо таъиншударо ба хизмати содиқонаву софдилона, такмил додани донишу маҳорат, аз худ кардани илми ҳарбӣ, силоҳу технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ намуда, таъкид кард, ки ин талаботи Сарфармондеҳӣ Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва бовариву эътимоди давлату миллат аз мо - муҳофизони марзу буми кишвар мебошад.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.