Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои амният муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.
130 Дар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шурои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Котиботи Шурои амният иштирок намуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба фаъолияти мақомот ва сохторҳо дар соли 2025 шунида шуд.
Президенти мамлакат бо дарназардошти вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба роҳбарону масъулин ҷиҳати таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас доданд.
Диққати роҳбарони мақомоту сохторҳо ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, алалхусус дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ҷалб карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати тарбияи кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, рушди саноати мудофиавии кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберии давлат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Оид ба масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.