Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Қуллаи мурод

Ифтихори Гвардияи миллӣ

Аз 27 сентябр то 2 октябри соли 2025 дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон Чемпионати ҷаҳон оид ба мусобиқаи омехтаи ғайрикасбӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки дар ҳисоби даставии чемпионат, дар байни 23 давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои дуюмро ишғол намуд.
130 Яке аз ҷойҳои аввал, медали тилло ва камарбанди IMMAF-ро дар чорабинии мазкур майори гвардия Комилзода Исрофил ба даст овард. Ӯ дар финали мусобиқа бо намояндаи Англия қувваозмоӣ карда, ғолиб шуд. Комилзода Исрофил чанд соли охир ҳамин мақсадро пайгирӣ мекард ва билохира ба қуллаи мурод расид.
Инак, 4 октябри соли 2025. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе. Ақрабаки соат ба 24 мерасад. Гурӯҳи сарбозон аз баталёни қаровули фахрӣ, оркестр ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим дар баромадгоҳи фурудгоҳ берун шудани Комилзода Исрофилро интизоранд. Мебарояд ӯ, бо парчами Тоҷикистон. Ба ифтихори парчамбардори Ватан-майори гвардия Комилзода Исрофил садои оркестри ҳарбӣ ва кафкубии афсарону сарбозон ба осмон мепечад.
130 Майори гвардия Исрофил Комилзода 4 майи соли 1996 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Исрофил оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш шавқи беандоза дошта, ҳамеша иштирокчии фаъоли мусобиқаҳо будааст. Баъди ба хизмати ҳарбӣ пайвастан, варзиш ҳам дар ҳаёти Исрофил шуғли доимӣ гардид. Чунки яке аз талаботи асосии хизмат дар сафҳои артиш тайёрии ҷисмонӣ ва тандурустии ҷавонон мебошад.
Исрофил аз соли 2018 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад. Ҳамхизматон аз ӯ шахси ҳалиму хоксор, сабур, бо мулоҳиза ва хушмуомила ёдовар мешаванд. Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳам бомасъулият ва хеле ҷиддӣ мебошад. Ба саволи мо, ки чӣ боиси муваффақият шуд, чунин ҷавоб дод:
- Албатта, дастгирии роҳбарияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барои тамрин имконият, вақт доштам. Дигараш дуои хайри волидон аст. Варзишгар ба мусобиқа ҳаматарафа тайёрӣ дида, бо умеди ғолиб шудан меояд. Фикр мекунам, ки дар чемпионати ҷаҳон ҳарифи пурқувват аз Фаронса буд, ки дар рақобат якум шуда бо ӯ қувваозмоӣ кардем. Ин пирӯзӣ ба ман қувват бахшид.
130 Аз суҳбат бо Исрофил маълум шуд, ки шуғли пешгирифтаро на танҳо дӯст медорад, инчунин ба ин касб, ба нафароне, ки ин роҳро интихоб кардаанд, эҳтироми зиёд ҳам дорад. Роҳи тайнамудаи ӯ ҳам мисли дигар варзишгарон аз шебу фароз холӣ набуд. Ҳамон сабурӣ, дурандешӣ ва кӯшишу ғайрат Исрофилро муваффақ намуд. Ёдовар мешавем, ки ӯ 7 маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда, зина ба зина боло рафт ва ба дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ роҳхат гирифт.
Ба Комилзода Исрофил комёбиҳои навро таманно дорем.

Полковники гвардия Комилзода Хайринисо

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.