Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Иқдомҳои хайрхоҳонаи солинавӣ

430 Дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ ва маънавӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон, инчунин дигар шахсони эҳтиёҷманд Гвардияи миллӣ Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисорро пайваста дастгирӣ намуда, барои анҷом додани корҳои ободонӣ, баланд бардоштани ҳолати рӯҳӣ – равонии тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.430Дар арафаи соли нави мелодии 2022 хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати мазкур тӯҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ тақдим намуданд. Баҳри баланд бардоштани рӯҳияи идонаи тарбиятгирандагони Мактаб-интернати мазкур чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки Бобои барфӣ ва Барфак – ҳунармандони театри «Ойина»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
430 Ҳамчунин дар доираи иқдоми идонаи мазкур ба 27 оилаи бесаробонмондаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ фавтидаанд, тӯҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.
Чун ҳамасола дар остонаи соли нави мелодӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хизматчии ҳарбии Гвардияи миллӣ тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мегардад. Имсол низ дар арафаи соли нави мелодии 2022 ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз ин гуна иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат баҳраманд гардиданд. Илова бар ин барои сарбозон ва афсарони ҳамаи қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ дастурхони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.