Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Татбиқи стратегияҳои давлатӣ дар Гвардияи миллӣ

Ҷомеаи навини Тоҷикистон бо афкори созанда, ташаббусҳои наҷибу олӣ, қабули қонун, стратегияҳои давлатӣ ва даҳҳо санаду нақшаи дурнамо ҳамаҷониба рушд карда, ҳатто дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати кишвари ташаббускору сулҳпарвар эътироф гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди мустаҳкамсозии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар баробари идоракунии ҳокимияти сиёсӣ дар пешгирии мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва коррупсия қадамҳои устувор гузоштааст. Дар ин ҷода вобаста ба амалисозии ҳадафу барномаҳои таъсисшудаи созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кишвари мо саҳми арзанда дорад.
Қобили зикр аст, ки якчанд маротиба стратегияҳо дар самти муқовимат ва мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо натиҷаҳои назаррас ва манфиатҳои муфид амалӣ шуданд. Дар амалӣ гардонидаи стратегияҳои мазкур мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии мамлакат, мақомоти марказии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи мамлакат кӯшишу талош намуданд. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки қабули стратегияҳо ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани ҳар як банди он боис мегардад, ки халқи шарафманди кишвар пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳукуқии хеш кӯшиш менамояд, нисбати амалҳои муғризона ва зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризму экстремизм, коррупсия муқовимат нишон дода, ҳар як амалу рафтори ношоямро маҳкум менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии кишвар бо мақсади пешгирӣ аз зуҳуроти хатарзову даҳшатфикан пайваста чораандешӣ намуда, вобаста ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ва дар роҳи расидан ба муваффаққияти хурду бузурги кишвар тадбирҳои заруриву саривақтӣ меандешад.
Дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2026 №73 «Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба тасвиб расид. Стратегияи мазкур ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст. То ин дам дар ин самт ду стратегияи миллӣ - барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муборизабаранда бар зиддӣ терроризму экстремизм, стратегияҳои мазкурро дар навбати аввал бо дарназардошти вазифаву уҳдадориҳои хеш иҷро менамояд. Нақша-чорабиниҳои вобаста ба амалисозии «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар қисму воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2026-2030, аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ тасдиқи худро ёфта, алакай мавриди иҷроиш қарор дорад.
Дар самти муқовимат бо коррупсия бошад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2026 №1145 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» ба тасвиб расид. Дар ин самт низ аз тарафи роҳбарияти Гвардияи миллӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои Гвардияи миллӣ барои соли 2026 ҷиҳати амалисозии стратегияи мазкур тасдиқ гардида, ҳамчунин Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ низ бо фармоиши Фармондеҳи Гвардияи миллӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Дар амалисозии стратегияҳои қабулгардида ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳар як фарди некбини ҷомеа вазифадор аст, ки бо нишон додани масъулияти шаҳрвандӣ ва амалҳои шоиста дар пешгирии терроризму экстремизм ва муқовимат ба коррупсия саҳмгузор бошад.

Майори гвардия Неъматуллои Холиқ,
афсари калон-рӯзноманигори
шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.