Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ мегардад.
Ифротгароии динӣ ин аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшшудае мебошад, ки ба зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият, якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини ислом инро маҳкум месозад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сӯистифода намуда, даст ба қатлу куштор мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба хотири манфиатҳои нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин гурӯҳҳо мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонон ва аҳли илмро ба худ ҷалб намоянд. Зери шиорҳои бофтаву фирефтаи таълимоти «динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона месозанд. Мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.
Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо қарз, масъулият, шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш, талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва ҳам фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб сатҳи пасти шароити зиндагӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи насли наврас, хусусан ҷавонон мебошад, ки боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосса падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз мардуми тоҷик хушбахт аз он аст, ки баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ташкилотҳои ифротгароӣ, мардуми мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд. Ин осудаҳоливу сулҳ ба идеяи нохалафон ва носипосон зарба мезанад, зеро тарғиботи онҳо комилан нодуруст аст.
Имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, Пешвои миллат ҳамаи шароит ба хотири амният ва зиндагии шоистаи мардум фароҳам оварда шудааст. Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, пойдории он ба ҳар як фарди бонангу ораш вобастагӣ дорад.
Мо шукри он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо саодатмандӣ аз иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду бузург, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо ба истифода дода шуданд, ки мо бо рӯҳияи баланд аз он пайравӣ намуда, ин дастовардҳоро ҳифз менамоем.
Майори гвардия Фаррух Ҳасанзода