Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз дастоварду нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои дурнигаронаи барои солҳои оянда ва марҳилаи рушди босубот «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа мегардад.
Мо хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола интизори Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Дар меҳвари ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштан, аҳамияти махсуси ахлоқию тарбиявӣ низ ҷой дорад. Суханону андешаҳои пурмўҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи таълиму тарбия, илму маориф, ватандўстию ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ў, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандўстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш вобаста ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мардуми кишварро ба дарки истилоҳи бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ ҷалб намуданд. Воқеъбинона қайд карданд, ки имрўзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмўъ ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар баробари ин, Сарвари давлат қайд намуданд, ки имрўзҳо низ гурўҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Дар робита ба ин ҳолат Пешвои муаззами миллат ба мақомоти дахлдори кишвар супориш доданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рўҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, «мо бояд мафҳумҳои ватандўстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррўзаи худ қарор диҳем, тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
Эътимоду боварӣ, ташаббусу ибтикороти наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ба мо хизматчиёни ҳарбӣ неруву тавони тозаро дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу субот ва таҳкими амнияти миллӣ ба вуҷуд меорад.
Ҳамин тариқ, пешниҳоду таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро шиори ҳамарўзаи худ қарор дода, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кўшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояҳои ваҳдат саҳми арзанда гузорем.
Подполковники гвардия Сатторов Шуҳрат
қисми ҳарбии 051056