Ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ
Дар доираи Нақша-чорабиниҳо бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор карда шуд, ки он натиҷаи баррасии мониторингҳои қисмҳои ҳарбиро дар соли 2025 дар бар гирифт. Мизи мудаввар аз тарафи дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ташкил карда шуд. Дар мизи мудаввар ба ғайр аз ҳайати ташкилкунандагон, инчунин, намояндагон аз сохторҳои низомии кишвар ва мақомоти судӣ иштирок доштанд. Тавре дар боло зикр намудем, мавзӯи асосии маърӯзаву суҳбатҳо дар мизи мудаввар натиҷаи баррасии мониторингҳои қисмҳои ҳарбӣ дар соли 2025, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавиро дар бар гирифт.
Дар оғоз намояндаи дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев иброз дошт, ки аз соли 2014 то инҷониб ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, дар қисмҳои ҳарбии кишвар пайваста мониторинг мегузаронад. Зикр намуд, ки мақсади ниҳоии мониторинг баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар хизмати ҳарбӣ мебошад. Зимни машварат намояндаи дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндаи дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ба ҳайати иштирокдорон натиҷаҳои мониторинги қисмҳои ҳарбӣ дар соли 2025-ро таҳлилу баррасӣ намуда, ҳисобот пешниҳод намуданд. Аз рӯйи таҳлилҳои гурӯҳи мониторингӣ муайян шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ меъёрҳои асосии танзимкунандаи раванди хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дар сатҳи лозима татбиқ ёфта, талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ риоя карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, нисбат ба солҳои қаблӣ миёни афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ муносибатҳои ғайриоинномавӣ хело ҳам кам гардидааст.
Таъкид намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сарбозон ва аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ба иҷрои бомуваффаққияти вазифаҳои хизматӣ дар қисмҳои низомӣ ва аз ҳама муҳим ба ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, аз намояндагони сохторҳои низомӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, расонидани талаботи оинномаҳо, қонунҳои соҳаи ҳарбӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани сарбозону сержантон боз ҳам бешатар диққат зоҳир намоянд.
Дар идомаи таҳлилҳо ва натиҷагирӣ аз кори мониторингӣ намояндагони сохторҳои низомӣ низ ҳар кадом вобаста ба тақвият бахшидани кори таълиму тарбия, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва дар руҳияи шуҷоату ҷавонмардӣ, садоқат ба савгандӣ ҳарбӣ тарбия намудани сарбозону сержантон андешаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар анҷом ба иштирокчиёни мизи мудаввар аз тарафи ташкилкунандагони чорабинӣ оид ба комиссияи тиббӣ, оид ба риояи ҳуқуқи инсон ва монанди ин дастурамалҳо барои корбарӣ тақдим карда шуд.
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ