Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҳуқуқи инсон ва Эъломияи Куруши Кабир

430

Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 73 сол пур мешавад.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 10-уми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудаасту дар доираи он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чорабиниҳо доир мешаванд.
Эъломияи ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ яке аз ҳуҷҷатҳое мебошад, ки нисбат ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ бештар тарҷума гардидааст. Имрӯз он ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст.
430 Дар асоси ин Эъломия чандин санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардиданд, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Аз ҷумла, ду Паймони байналмилалӣ- «Паймон дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ва «Паймон дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», ки ба ҳуқуқҳои асосии инсон бахшида шудаанд, хеле муҳим мебошанд. Ин паймонҳо 16 декабри соли 1966 қабул шудаанд. Эъломияи мазкур аз 30 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии инсониятро дар бар мегирад.
Дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ бараъло таҷассум ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зикр намудаанд:
«Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад. Он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишинён—шоҳ Куруш қабул гардидааст. Ба андешаи таърихшиносон, Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.
430 Меъёрҳои ин Эъломия дар бораи он ки «ҳамаи мардумон дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд»; «касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад»; «ҳар кас озод аст, ҳар дин ва динеро, ки майл дорад, баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад… танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад»; «виҷдони инсони ҳозира қобили пазириш нест, ки дар назди чашми ҳамагон инсонҳо аз гуруснагӣ мемиранд ва ё аз надоштани маводи зист даст ба худкушӣ мезананд»; «ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад», аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойи марказиро ишғол менамоянд.
Аз ин хотир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст.
430 Бояд гуфт, ки алҳол дар кишвари мо Конститутсия кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Он бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат қабул гардида, амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешак, ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, ба рафтору кирдори баланди инсонӣ, ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик вобастагии қавӣ дорад. Боиси сарфарозист, ки аз се як ҳиссаи Конститутсияи Ҷумиҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад.
5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».
Бо ибтикору ҳидояти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин мақоми махсус оид ба ҳимоя, мусоидат ва пешрафти ҳуқуқи инсон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи соҳибистиқлол гаштани худ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар баҳри расидан ба ин ҳадафҳо пайваста чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар фаъолияти хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷорӣ ва дигар оинномаву низомномаҳо амалӣ гашта, масъулини самтҳои хизмати ҳарбӣ ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва муносибатҳои оинномавӣ машѓулиятҳои гуногунро доир менамоянд. Афсарону сарбозони содиқи Ватан дар доираи уҳдадориҳои ҳарбӣ, ки аз эҳтирому иҷрои моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, вазифаҳои хизматии ба зимадоштаро сарбаландона ба ҷо меоранд.

Таҳияи лейтенанти калони гвардия
Амирзода Саидшо


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.