Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҳуҷҷате бо муҳри хос

Ба озмуни «Мавқеи қонун дар ҳаёти инсон», ки ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ҳуҷҷате бо муҳри хос

Чист қонун? Ҳуҷҷатест дорои назм,
Чун муҳаррик буду бошад баҳри азм.
Шаҳр месозад зи деҳи хурдакак,
Мешукуфонад Душанбеву Саразм.

Чист қонун? Ҳуҷҷатест бо муҳри хос,
Чун амал созӣ ба он ёби сипос.
Гар шикасти қоматаш, хам мешавад,
Ҳам зи таъқибаш намеёбӣ халос.

Чист қонун? Урфу оину русум,
Дар Душанбе ё ки Кобул ё ки Рум.
Ҳар куҷо қоидаҳо дорад, ки он
Мекунад об санги хоророву мум.

Чист қонун? Шакли расмии амал,
Баҳри ҳалли мушкили байналмилал.
Қонуне, ки он бувад саршори нур,
Мераҳонад одамиро аз аҷал.

Чист қонун? Ҳуҷҷатест, ки ходим аст,
Дар ҳама давру замонҳо лозим аст.
Рўи қоғаз дар назар ҳеҷ аст, ҳеҷ,
Рўи кор ояд, ба инсон ҳоким аст.

подполковники гвардия Фурқат Ҳамрозода,
муовини командири қисми ҳарбии 051057
оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.