Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро 9-уми сентябр бо тантана дар идораву муассисаҳои давлатӣ ҷашн мегирем, бояд ба ҳар як оила таҳвил дода шавад - таъкид гардид дар ҳамоише, ки 7 сентябри соли равон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва аҳли зиё дар қисми ҳарбии 051052 баргузор гардид.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун давраи таърихӣ, унсурҳои истиқлолият, омилҳои асосии ҳифз ва таҳкими истиқлолият, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, дунявӣ ва соҳибистиқлол аз мавзӯъҳои муҳим ва маърузаи пурмуҳтаво буд, ки меҳмонон ба саъми ҳозирин расонданд. Дар ҷамъомади мазкур Ҳайдаров Рустам Ҷӯрабоевич, доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шарипов Сайҳомид, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иззатуллозода Пайрав Нусратулло, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва парчами Тоҷикистон муттаҳид шуда, тамоми мушкилоту монеаҳоро паси сар намоем ва Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи нави рушду тараққиёт расонем. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд: «Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид».
Ҳамоишро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ полковники гвардия Муҳаммаднаим Собириён ҷамъбаст карда, таъкид кард, ки мо хизматчиёни ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро содиқонаву софдилона иҷро карда, ҳамеша кӯшиш менамоем, ки вазифаҳои хизмативу ҷангии хешро, сарбаландона иҷро намоем. Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки вазифаи ҷонии мост, ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>