Мардуми шарафманди кишвар моҳи сентябри соли сипаришуда 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору сарфарозӣ бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Таҷлили ин ҷашн дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҳатто дар хонадони ҳар як фарди бедордилу ватандӯст эҳсос мешуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хурду бузурги кишвар зери парчами сулҳу ваҳдат ва истиқлоли давлат зиндагии озоду осуда доранд. Баҳри ободии Ватан, рушду нумуи Тоҷикстони азиз аҳлона заҳмат мекашанд. Имрӯз моҳияти озодиву соҳибистиқлолиро натанҳо калонсолон, балки насли ҷавон ҳатто наврасон низ ба хуби дарк мекунанд. Зеро аз таърихи таъсисёбии истиқлолияту озодӣ ва чӣ гуна бадастовардани оромии давлат аз наворҳои телевизионӣ огаҳанд. Албатта, ин ҳама дастоварду арзишҳои муқаддас ба осонӣ не, ба заҳмат, ба ҷонисорӣ, ба бедорхобии фарзандони фарзонаи миллат ва мардуми шарафманди Ватан ба даст омадааст.
Дар зарфи 30 соли давлатдории мустақил, ки фосилаи чандон тӯлонии давлатдорӣ нест, вале дар ин давом тамоми шаҳру навоҳии кишвар ва пойтахти Тоҷикистони азизамон -шаҳри Душанбе ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст. Дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар мардум бо руҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз доштани чунин Ватани маҳбуб умр ба сар мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки нотавонбинони ин давлати тозаистиқлол, ин миллати озодандешу бофарҳанг, ки мутаасифона вуҷуд доранд, мехоҳанд амнияту суботи чунин Ватани зеборо халалдор созанд. Онҳо пайваста бо ниятҳои муғризона аксарият аз хориҷ ба Тоҷикистон санг мепартоянд. Мехоҳанд байни мардум иғво ангезанд, чунки ободии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд. Ин хиранигоҳон ҳадафи созанда баҳри пешрафти ҷамъиятро надоранд. Балки ҳадафашон сӯзандаву орӣ аз некист. Дар ҳар як ҳаводиси нохуш, ки дар ин ё он гӯшаи кишвар ба вуқӯъ меояд, аксарият кори дасти онҳост ва ё баҳри ноором гаштани вазъ миёни мардум махсусан бо ҷавонон иғво меандозанд.
Ҳодисае, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайват, пайомади нохуш буд. Байни эътирозгарон иғво ангехта шуд, ки дар натиҷа ба мардум ва ба ободиву пешрафти ин гӯшаи сайёҳии Ватан зарари ҷониву маънавӣ, хисороти зиёд расонида шуд. Боиси афсӯс аст, ки дар баъзе ҳолатҳо нафароне ёфт мешаванд, ки амали эътирозгаронро нодуруст баҳогузорӣ мекунанд. Бояд насли бузург, ҳар як фарди некбини ҷомеа ҷавононро дар масири ватандӯстӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якдилӣ, дифои Модар-Ватан, риояи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ талқин намоянд.
Фаромӯш набояд кард, ки амали нописанд, шарафро аз миён мебарад.
Неъматуллои Холиқ, рӯзноманигор