Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Таърихи давлатсозии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Аз ҳамоиши ходимони давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ
дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

430 23 - юми июни соли 2022 бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раёсати корҳои сиёсӣ тарбиявии фармондеҳии Гвардияи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мудири кафедраи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи Баҳовиддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муродов Субҳон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Файзуллозода Зарина иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба ташаббускори чорабинӣ Файзуллозода Зарина дод. Мавсуф мақсаду моҳияти ҳамоишро баён намуда, таъкид кард, ки 25- солагии Ваҳдати миллӣ ҷашни бошукӯҳи мардуми Тоҷикистон аст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино барои таҷлили он нақшаи чорабиниҳоро омода кардааст, ки яке аз он имрӯз дар Гвардияи миллӣ, бо муҳофизони марзу бум, ҳомиёни сулҳу суботи ҷомеа ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад. Барои ибрози андеша сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар дода шуд. Номбурда аз таърихи навини тоҷикон, ки бо муборизаву озодихоҳӣ, ҷанги таҳмилӣ, маҳалгароӣ, гурӯҳсозиву созмонбозӣ оғоз гардид, маълумот дода, дар баробари ин аз саҳми арзандаву бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Давраҳои музокиротро паси сар карда, талабу шартҳои оппозитсиони вақтро хирадмандонаву дурандешона пазируфтанд ва ҳамин заковати азалии Пешвои миллат буд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик аз дастовардҳои беназири истиқлол истифода мебарад.
430 Шарофзода Гавҳар ҳамчунин аз талафоти мардуми Тоҷикистон, хисороти ҷанги шаҳрвандӣ далелҳо оварда, қайд кард, ки бисёр деҳаҳои ҷануби кишвар ба харобазор табдил ёфтанд, ҳазорон манзил, роҳу кӯпрукҳо, биноҳои маъмурӣ, муассисоти маориф, фарҳанг ва тиб вайрон шуданд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар худи дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Руссия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва мамолики дигар фирорӣ шуданд. Аз беҳокимиятӣ истифода карда, ғорат, роҳзаниву дуздӣ авҷ гирифт. Силоҳ ба дасти мардум расид. Бародарони ҳамхун дар ду сангар камин гирифтанд. Хулас, бесару сомонӣ ба авҷи аъло расид ва акнун гап сари ҳаёту мамоти миллат, будан ва ё набудани давлате ба ном Тоҷикистон мерафт. Ба ҳамаи ин бенизомиву номуайянӣ Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ва дар он Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқта гузошт. «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ба Шумо сулҳ меорам» Ин суханон умеди ҳазорон тоҷик барои ҳаёти осоишта гардид.
Дар суханронии худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим аз давлатдориву давлатсозӣ сухан гуфта, таъкид кард, ки дар ҷаҳон чунин пешвоён, лидерҳо каманд, ки барои Ватану миллати худ аз ҳама чиз, ҳатто аз ҷоннашон мегузаранд. Дар ин радиф мавсуф бузурггуфтаҳои шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонро дар бораи ҷасорату мардонагӣ, ватандориву давлатсозӣ, хирадмандиву дурандешӣ ва дигар сифатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури ҳозирин намуданд, ки хеле ҷолибу таъсирбахш буд.
Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муродов Субҳон ба сухан баромада, дар мавзӯи консепсияи давлати миллӣ маърӯзаи пурмуҳтавои худро манзури иштирокчиён намуд.
430 Ҳамоишро Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Барои ташриф ба меҳмонон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки дар боби ватандӯстӣ, худшиносиву ифтихор доштан аз ниёгон мо бояд пайрави Пешвои миллат бошем. Вазъи имрӯзаи ҷаҳонро таҳлил карда, боз ҳам аз суханони Сарвари давлат иқтибос оварданд, ки «… сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо- тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад». Ҳифзу мудофиаи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи ҷонӣ, қарзи фарзандии ҳар яки мост.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Сино дастагули консертӣ, ки аз суруду таронаҳои дилангез мураттаб гардида буд, пешниҳоди сарбозон карда шуд.


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.