Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҳадаф-бехатарии хизмат


130 Ҳамасола аз тарафи шуъбачаи хизмати қўшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбии Сарситоди Гвардияи миллӣ дар байни ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ озмунҳои «Қаровулхонаи беҳтарин», «Шаҳрчаи қаровулии беҳтарин» ва «Нуқтаи назорати гузаргоҳии беҳтарин» гузаронида мешавад. Бояд қайд намуд, ки талаботи низомномаи озмунҳо дар аввали соли хониш ба тамоми масъулини ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ расонида шуда, вобаста ба санҷиш ва баҳогузорӣ намудан муҳлат муайян карда мешавад.
Соли равон макони озмунҳои мазкур моҳи ноябр дар доираи санҷишҳои маҷмўӣ мавриди аз назаргузаронӣ ва баҳогузорӣ қарор гирифтанд. Барои натиҷагирӣ ва баҳогузории озмунҳо ҳайати комиссия иборат аз афсарони собиқадори Раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ таҳти роҳбарии полковники гвардия Манучеҳр Ҳалимзода-муовини сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ аз ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ дидан намуданд. Ҳайати комиссия тибқи талаботи низомномаи озмун, ки он бандҳои зиёдро дарбар мегирифт, қаровулхона, шаҳрчаҳои қаровулӣ ва нуқтаҳои назорати гузаргоҳиро ба таври зарурӣ баҳогузорӣ карданд. Аз ҷумла, таъмир ва бо лавозимоти зарурии хизмат таҷҳизонидани мавзеъҳои пешбарии хизмат, насби лавҳаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, ҳолати коршоямии воситаҳои техникӣ, анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намуданд. Хайати комиссия дар асоси талаботи низомномаи озмун ғолибонро батаври зайл муайян карданд:
Қаровулхонаи беҳтарин–ҷойи якум қисми ҳарбии 051055, ҷойи дуюм баталёни якуми қисми ҳарбии 051056 ва ҷойи сеюм қисми ҳарбии 051058 дониста шуд.
Шаҳрчаи қаровулии беҳтарин–қисми ҳарбии 051059 сазовори ҷойи аввал, қисми ҳарбии 051054 сазовори ҷойи дуюм ва қисми ҳарбии 051063 бошад, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Нуқтаи назорати гузаргоҳии беҳтарин –ҷойи якум ба қисми ҳарбии 051062, ҷойи дуюм ба қисми ҳарбии 051057 ва ҷойи сеюм ба қисми ҳарбии 051060 муносиб дониста шуд.
Ғолибони озмунҳо дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Гвардияи миллӣ дар соли 2025 аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо тўҳфаҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд.
Баргузор намудани озмунҳои «Қаровулхонаи беҳтарин», «Шаҳрчаи қаровулии беҳтарин» ва «Нуқтаи назорати гузаргоҳии беҳтарин» барои баланд бардоштани маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ, иҷрои намунавии вазифаҳои наряди шабонарўзӣ, таъмини бехатарии хизмати ҳарбӣ ва фароҳам гардонидани шароити хизмат мусоидат хоҳанд кард.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.