Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия мулоқот намуд

9 октябр вохӯрии фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия (Росгвардия) Виктор Золотов доир гардид.
130 Барои истиқболи директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия дар майдони сафороии пойгоҳи низомӣ баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ саф ороста шуд. Баъд аз истиқболи гарму самимӣ тибқи анъанаи низомиён ва арзи эҳтиром афсарону сарбозони баталёни қаровули фахрӣ аз назди минбари ифтихорӣ, ки ҳайати фармондеҳии сохторҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия қарор доштанд, гузашти низомӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода иброз намуд, ки «боиси хурсандист, ки ҳамкории мутақобили судманди сохторҳои низомии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими амнияти ду давлати дӯст ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир боз ҳам тақвият ёфта, дар ин замина натиҷаҳои назаррас ба даст хоҳад омад».

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.