Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Нахустин бор дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе паради ҳарбӣ гузашт

130 Субҳи 8 сентябр ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат гузашти низомии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Қабл аз паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол суханронӣ намуданд. Сипас, зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик паронида шуд.
130 Бояд гуфт, ки паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аввалин чорабиние мебошад, ки бо иштироки ҳомиёни Ватан дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат баргузор мегардад.
130 Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни ҷумҳурӣ ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоянд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд. Дар баробари ин, мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар шаҳрванди мамлакатро мебинанд».
130 Сарвари давлат ҳамчунин изҳор доштанд, ки эътимоди давлат ва умеди мардум хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор месозад, ки дар навбати аввал, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд.



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.