25 майи соли 2022 дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи дустӣ ҳайати хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ пешвоз гирифт.
Вохурии тарафҳо дар бинои фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Муовини аввал – сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек Ҷӯрабек меҳмононро барои ташриф ба кишвари меҳмондӯсти тоҷик хайрамақдам гуфта, аз рушди муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судбахш, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев устувор гардид, ёдовар шуданд. Дар навбати худ муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус полковник Сормонқулов Адхамжон Райимович аз пазироии гарму самимии ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, аз муносибатҳои деринаи ду кишвар, саҳми мардумон дар рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд. Инчунин, бо қаноатмандӣ дар бораи вусъат додани робитаву ҳамкориҳои минбаъдаи ду сохтори бонуфуз ибрози андеша намуд.
Дар идомаи ташрифи расмӣ ҳайати меҳмонон ба фаъолияти чанде аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон дидан намуданд.
Қобили зикр аст, дар асоси ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2021 гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ таҳти роҳбарии Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуда, нақшаи ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба мубодилаи таҷриба ва такмили ихтисоси хизматчиёни ҳарбӣ дар соли 2022 ба имзо расонданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ ҶТ