Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҷавонони комил ва қобили дифои Ватан

130 Майдони сафороии қисми ҳарбии 051055 идона ороста шуд. Ҳайати шахсӣ-сарбозону сержантоне, ки муҳлати муқарраршудаи хизмати ҳатмии ҳарбиро сарбаландона анҷом додаанд, дар давоми чанд лаҳза моҳирона саф оростанд. Дар гӯшаи дигар Оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ ва сарбозону сержантони Баталёни қаровули фахрӣ дар даст Байрақи ҷангӣ амри масъули чорабиниро интизор буданд. Танҳо наваскарон, ки бори аввал дар майдони боҳашамати қисми ҳарбӣ ҳузур доштанд, бо ҳаяҷон аз ҳар тараф оғози чорабиниро меҷустанд.
Дар баробари ба майдон ворид шудани Сардори Сарситод-муовини якуми Фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Баҳриддин Азаматзода, чорабинии тантанавӣ оғоз гардид. Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намудани хизматчиёни ҳарбӣ командирони қисмҳои ҳарбии 051052, 051054, 051055 ва 051064 иштирок доштанд.
Дар аввал Сардори Сарситод-муовини якуми Фармондеҳ хизматчиёни ҳарбиро барои сарбаландона ба итмом расонидани хизмати ҳарбӣ, садоқат ба Модар-Ватан табрик намуда, ба эшон нигоҳ доштану идома додани анъанаҳои ҷавонмардиро тавсия карданд. Ба ҷавонони комил ва қодири ҳифзу ҳимояи Ватан саломатӣ ва дар зиндагӣ комёбиҳои беназир таманно намуданд. Сипас ҳайати шахсии ба эҳтиёт рухсатшуда бо Байрақи ҷангии Гвардияи миллӣ, ки ҳамеша фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд.
200 нафар сарбозону сержантон дар ҳузури ҳайати роҳбарикунанда, бори дигар пеши Парчам сари таъзим оварда, савганд ёд карданд, ки ба Президент, ба Ватан содиқ мемонанд.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ сарбозону сержантон дар ҳайати қисмҳои ҳарбӣ, бо роҳбарии командирони қисмҳои ҳарбӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки даъвати навбатии ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. То 15 октябри соли 2024 нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 87,5 % ва дар Гвардияи миллӣ 97 % иҷро шудааст.






 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.