Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Рисолати ҷавонмардӣ

130 Маросими қабули Савганди ҳарбӣ ва хайрбод бо Парчами Ҷангии қисми ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои асосӣ дар хизмати ҳарбӣ буда, нишони садоқат ба Ватан, ба миллату сарзамин ва ифтихору сарбаландӣ аз нерӯи ҷавонмардона, ҷасорат, доштани нангу номуси миллӣ мебошад. Ин гурӯҳи ҷавонони қавиирода сарбозону сержантони Гвардияи миллӣ мебошанд, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро тибқи қонун анҷом дода, ба эҳтиёти ҚМҶТ рухсат мешаванд. Акнун бо сари баланду ифтихори ватандорӣ, бо захираи донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, маҳорату малакаи ҷангӣ, ки дар ин давраи ҳаёт дар мактаби ҷасорату мардонагӣ аз худ кардаанд, барои амалӣ намудани нақшаҳои оянда дар шоҳроҳи зиндагӣ устуворона қадам мегузоранд.
130 Ба ифтихори ин сержантону сарбозон дар қисми ҳарбии 051055 Гвардияи миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷавонони ғайюру далери ватанро, ки аз қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ҷамъ омада буданд, ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ ба ин рӯзи фаромушнашавандаи хизмати ҳарбӣ табрик гуфта, таъкид карданд, ки ҳамеша ба Савганди худ содиқ ва минбаъд ҳам дар ҳама ҷо барои нигоҳ доштани обуруву эҳтироми миллат, манфиатҳои давлат ва пешрафти Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошанд.
Дар баробари билети ҳарбӣ як гурӯҳ сержантону сарбозон барои хизмати намунавӣ, нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангиву варзишӣ аз ҷониби командирони қисмҳои ҳарбӣ бо рутбаҳои навбатӣ, ифтихорнома, мактубҳои минатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷамъомад чанде аз беҳтарин сержантҳо аз қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе дар ҳузури ҳайати Фармондеҳӣ ва сарбозони навдаъватшуда сухан карда, аз лаҳзаҳои беҳтарин ва аҳамияти хизмати ҳарбӣ таассуроти худро баён карданд.
130 Маросими хайрбод қисмати фараҳбахшу хотирмони ҷамъомад гардид. Сержантону сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишонҳои хизмати ҳарбӣ-Парчами ҷангӣ, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд. Ҷамъомади тантанавиро расми гузашти низомӣ анҷом бахшид, ки хизматчиёни ҳарбии ба эҳтиётрухсатшуда аз назди ҳайати Фармондеҳӣ бо ифтихору сарбаландӣ қадам заданд.


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.