Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Маросими ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбӣ


130 Даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллии Тоҷикистон мутташакилона идома дорад. Дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули наваскарон, аз худ намудани барномаи таълимӣ ва омода кардани сарбозон ба маросими савганди ҳарбӣ дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ монда шудааст. Масъулини Марказ барои таълиму тайёр намудани наваскарон шароити мусоид фароҳам оварда, аз ҳисоби афсарону сержантон собиқадорони хизмати ҳарбӣ мураббиёнро ба ин чорабинӣ ҷалб намудаанд.
Ҳисси баланди худшиносӣ ва руҳияи ватандӯстии ҷавонон боис гардида, ки сафҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон дар навбати аввал аз ҳисоби ҷавонони соҳибмаълумоту соҳибкасб пурра мегардад. Аз ҷониби дигар дастгириву ѓамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд боиси руҳияи баланди ватандӯстии ин қишри фаъоли ҷомеа гардидааст. То 14 октябри соли 2025 нақшаи даъват дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 фоиз иҷро шудааст.
130 Дар баробари қабули навдаъватшудагон хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро анҷом додаанд ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат карда мешаванд. Бо ин мақсад дар қисми ҳарбии 051055 Гвардияи миллӣ ба ифтихори 100 нафар чунин сарбозону сержантон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Онҳоро ба ин санаи муҳими таърихи ҳаёташон ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ табрик гуфта, таъкид кард, ки минбаъд ҳам дарҳои Гвардияи миллӣ барои Шумо кушода аст.
Барои хизмати намунавӣ, нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангиву варзишӣ як гурӯҳ сержантону сарбозон аз ҷониби командирони қисмҳои ҳарбӣ бо рутбаҳои навбатӣ, ифтихорнома, мактубҳои минатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.
130 Сержантону сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишонҳои хизмати ҳарбӣ-Байрақи ҷангӣ, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд. Ҷамъомади тантанавиро расми гузашти низомӣ анҷом бахшид, ки хизматчиёни ҳарбии ба эҳтиётрухсатшуда аз назди ҳайати Фармондеҳӣ бо ифтихору сарбаландӣ қадам заданд.


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.