Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Фасли гулпираҳани наврӯз аст

130 Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввал –сардори Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники гвардия Азаматзода Вайсиддин, дигар муовинони фармондеҳ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир, афсарон бо аҳли оила ва сарбозону волидонашон иштирок намуданд. Дар оғоз меҳмононро бо нону ширинӣ, зери навои карнаю сурнай ва қироати шеърҳо пешвоз гирифтанд. Сипас меҳмонон аз намоиши хонҳои наврӯзии раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ, қисмҳои ҳарбӣ дидан намуда, ба маҳорату ҳунари бонувон баҳои баланд доданд.
Хонҳои наврӯзиро дар ин чорабинӣ чун анъана аз ҳафсину ҳафтшин, сабзаву суманак, хўрокҳои рангорангу болаззати миллӣ, ширинӣ ва дигар анвои хўрданӣ, ки аз растаниву гиёҳҳои баҳорӣ тайёр шуда буданд, ороставу пероста карданд. Ҳамчунин асбобҳои мусиқӣ аз қабили дутору доира, дастгоҳи ресандагӣ, кӯзаву кӯзачаҳои гилину мисин, табақу қошуқҳои чубин бо хӯрокҳои миллӣ, сабадҳои зебои гуногун, қафасҳои чубӣ бо кабкҳои хушовоз, либосҳои занонаву мардонаи тоҷикӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд.
130 Чорабинии мазкур бо сухани табрикотии муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим оғоз гардид. Ў зимни табрикоти хеш аз анъанаҳои ин ҷашни аҷдодӣ ёдовар гардида, ҳамзамон ҷиҳати ҳамкориҳои судманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино изҳори сипос намуд. Пас аз он Ҳабибзода Зоир низ суханронӣ намуда, ҳайати шахсии Гвардияи миллиро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрику шодбош намуд.
Баъдан барномаи театркунонидашудаи гвардия бо намоиши кишту кори баҳорӣ ва шеъру таронаҳои дилнишини наврӯзӣ оғоз ёфт. Маликаи наврӯзӣ низ бо пираҳани сафед бо пайғоми наврӯзӣ рӯи саҳна омада, аз баҳори сабздомон муждагонӣ овард. Шоҳ Ҷамшед бо навкаронаш рӯи саҳна аз файзу баракат, адлу дод, хирад, расму оини ҷавонмардӣ сухан мегуфт. Кӯдакон дар даву тоз аз ин ҳама ҳаловат бурда, дар лаб табассум аз омадани баҳори тозапайк хушнудӣ мекарданд.
130 Ҳамин тавр баъд аз барномаи театркунонидашуда барномаҳои консертӣ дар иҷрои ҳунармандони хушовоз баргузор шуд, ки сарбозону афсарон, кӯдакону бонувон рақсу бозӣ намуда, хушҳолӣ карданд.
Чизи дигаре, ки бисёр ҷолибу дидани менамуд, бо либосҳои миллӣ ба базмгоҳ омадани кӯдакону бонувон буд. Ин амал тараннумгару эҳтироми ҳамагон ба ҷашни ниёгон мебошад.
Баъд аз анҷоми барномаи фарҳангӣ мусобиқаи гӯштингирӣ оғоз ёфт. Дар аввали мусобиқа кӯдакони то синни 16 сола дар майдон қувваозмоӣ намуданд. Пас аз он бошад афсарону сарбозон бо ҳам рақобат намуданд, ки хеле ҷолиби тамошо буд. Варзишгарон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки рақиби худро шикаст дода, дастболо гарданд. Мусобиқа зиёда аз 2 соат давом кард. Шоҳҷоизаи асосии мусобиқа оинаи нилгун буд ва варзишгарон барои ба даст овардани ин тӯҳфаи арзишманд чандин рақиби худро ба тахтапӯшт хобониданд. Аммо вақт ҳамаро муайян намуд. Дар ин рақобатҳо сарбози қатории гвардия аз қисми ҳарбии 051059 ба ҳама пирӯз омада, соҳиби шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштингирӣ шуд.
130 Мусобиқаи бандкашӣ, ки аз сабқатҳои дигари наврӯзӣ аст, дар фарҷом баргузор шуд. Ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва кӯшиши ғолиб омаданро мекарданд. Дар ниҳоят, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин навъи мусобиқа пирӯзиро нисбат ба ҳарифонӣ худ дастёб гардиданд. Бо ҳамин, барномаву мусобиқаҳои варзишӣ поён ёфт.
Султонализода Ёқубҷон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.