Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ
ба муносибати ҷашнҳои бузурги миллӣ

430 Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 сентябр байни афсарону сарбозон, дастаҳои варзишии ҷузъу томҳо мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида шуд. Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз санаи 17 то 20 авгуси соли равон аз намуди футбол, волейбол, дав ба масофаи 100 метр, гӯлулабардорӣ, турниккашӣ, шоҳмот, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳ, дастхобонӣ, такя бо дастон (отжимание) байни сарбозони тибқи даъват, афсарону прапоршикон ва ҳайати шуъбаҳои таъиноти махсус дар алоҳидагӣ гузаронида шуд. Мусобиқаҳо бо риояи талаботу унсурҳои варзишӣ ҷолибу хотирмон баргузор гардиданд.
Дар оғози мусобиқаҳо дастаҳои варзиширо полковники гвардия Одиназода Аъзам муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба онҳо тандурустӣ, хизмати софдилонаву шоста ва дар мусобиқаҳо пиррӯзиву рафоқат таманно намуд.
Мусобиқаи волейбол ва футбол байни дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ ҷолибу хотирмон сурат гирифта, дар натиҷа дар намуди футбол дастаи қисми ҳарбии 051059 ва дар намуди волейбол дастаи қисми ҳарбии 051052 ғолиб омад. Дар намудҳои дигари мусобиқа аз ҳисоби сарбозону сержантон ва афсарону прапоршиконе, ки дар ҳайати даста иштирок доштанд, якнафарӣ интихоб шуда, қисми ҳарбии худро муаррифӣ намуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ зери роҳбарии мураббиён ва афсарони Раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ доир гардиданд. Рақобатҳои ҷолиб, маҳорати варзишӣ, бозувони қавӣ ва иқболи баланд ғолибони мусобиқаро муайян намуд.
430 Ғолибини мусобиқаҳо ба таври зайл муайян гардидаанд: футбол - дастаи қисми ҳарбии 051059; волейбол - қисми ҳарбии 051052; турниккишӣ – сарбози қатории гвардия Анушервони Асламшоҳ, қисми ҳарбии 051064; давидан ба масофаи 100м – сарбози қатории гвардия Азиз Саидов, қисми ҳарбии 051059; гӯлулабардорӣ – сарбози қатории гвардия Бахтовар Маҳмадқулов, қисми ҳарбии 051054; шоҳмот - сарбози қатории гвардия Файзиддини Насриддин, қисми ҳарбии 051064; такя бо дастон сарбози қатории гвардия Анушервони Асламшоҳ, қисми ҳарбии 051064; ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ кардани АК 74 - сержанти хурди гвардия Сомон Юнусов, қисми ҳарбии 051059.
Ғолибони ҷойҳои аввал байни ШТМ: футболи хурд - шуъбаи қисми ҳарбии 051057; гӯлулабардорӣ ва такя бо дастон - лейтенанти хурди гвардия Убайдулло Абдуллозода қисми ҳарбии 051057, турниккашӣ – майори гвардия Раҳмоналӣ Хоҷазода, қисми ҳарбии 051057; дастхобонӣ – майори гвардия Сироҷиддин Асрорзода, қисми ҳарбии 051063, давидан ба масофаи 100м – майори гвардия Ҳусейн Ализода, қисми ҳарбии 051057; бандкашӣ - шуъбаи қисми ҳарбии 051057; ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ кардани АК 74-майори гвардия Эркинҷони Суҳбатулло шуъбаи қисми ҳарбии 051057; ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ кардани туфангчаи Макаров - майори гвардия Ҳусейн Ализода, қисми ҳарбии 051057.
Тибқи холҳои ҷамъбастии ҳайати ҳакамон қисми ҳарбии 051054 ғолиби мусобиқаҳои варзишӣ гардида, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби қисми ҳарбии 051064 ва ҷойи сеюмро қисми ҳарбии 051059 соҳиб гардид. Байни варзишгарони таъиноти махсус ғолибияти комил сазовори қисми ҳарбии 051057 гардид, ки ҳар се зинаро ишғол намуданд.



Капитани гвардия
Неъматуллои Холиқ,
рӯзноманигор

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.