Боиси фараҳмандии миллати тоҷик аст, ки бобоёни мо аз давраҳои пеш соҳибилму соҳибтамаддун будаанд. Илмҳои риёзӣ, тиб, сарфу наҳв, нуҷумшиносӣ ва дигар илмҳоро хуб медонистанд. Дар эҷоди насриву назмӣ, дар бораи саргузашту рӯзгори мардум, аз зулму бедодгариҳои хунхорони подшоҳ ва лашкарони онҳо, аз беадолатии қозиву мансабдорон қисса намуда, онро ба қалам медоданд. Яъне нақши ин гуна мутафаккирон дар тағирёбии вазъи ҳамон давра нақши бориз дошт. Ҳатто баъзеи онҳоро барои ҳақиқатгўӣ ба дор меовехтанд. Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Абулқодири Бедил, Абулқосим Фирдавсӣ ва монанди инҳо адибону олимон нобиғагони адабиёти классикии форсу тоҷик мебошанд. Ҳарчанд осори онҳо гаронбаҳову хеле зиёд аст, мутасифона, қисмати ками он то ба мо расидааст.
Абулқосим Фирдавсӣ зиёда аз 30 соли ҳаёти худро барои навиштани “Шоҳнома” сарф кардааст. Имрӯз осори Ҳаким Фирдавсӣ мавриди омӯзиши кулли башарият қарор дорад. Дар саросари ҷаҳон 15 май (25-уми урдубиҳишт дар Эрон) ҳамчун Рӯзи посдории забони форсӣ ва Рӯзи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил мегардад. То ҳол касе пайдо нашудааст, ки мисли вай зиёда аз 30 соли ҳаёти худро барои эҷоди китобе сарф намуда бошад. Зиндагинома ва осори гаронбаҳои ӯ “Шоҳнома” то имрӯз аз ҷониби олимону адибони дохиливу хориҷӣ таҳлилу таҳқиқ меёбад. Китоби “Шоҳнома”-и Сотим Улуғзода аз ҳолу аҳволи зиндагии устод Фирдавсӣ ва чӣ гуна эҷод гардидани ин китоби безавол нақл мекунад.
Хонанда ҳангоми мутолиаи китоби Сотим Улуғзода ҳама манзараҳои дар китоб дарҷ гардидаро пеши назар меорад ва аз чӣ гуна эҷод гардидани китоби “Шоҳнома”-и устод Фирдавсӣ воқиф мегардад.
Китоби “Шоҳнома” ҳашт бобро дарбар гирифта аз достонҳои гуногун иборат аст. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар саросари “Шоҳнома”−и Фирдавсӣ хеле васеъ ва фарогири шахсиятҳои гуногун ифода ёфтааст. Достони аз ҳама машҳуртарини китоби мазкур достони “Рустаму Суҳроб” мебошад. Достони “Рустаму Суҳроб” аз размкорҳову сулҳпарварӣ, ватандўстӣ, ҷавонмардӣ ва тарғиби зуру бозуи паҳлавонии Рустам ва монанди ӯ гардидани фарзандаш Суҳроб қисса мекунад. Дар охир Суҳроб аз дасти падари худ Рустам ба қатл мерасад.
Ин китоб барои хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла барои ҳар як афсару сарбози Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дастурамал аст. Зеро баробари хондани он рӯҳияи ватандӯстии ҳар шахс боло меравад ва барои ҳифзи ватан ҷонро ҳам дареғ намедорад. Яъне, хизматчиёни ҳарбӣ саф ба саф дар паҳлуи якдигар истода барои мудофиаи ватан омода мегарданд. Китоби “Шоҳнома”-и безавол энерҷие (нерӯе) ҳаст, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз он баҳра мегиранд. Байти аз ҳама машҳуре, ки вирди забони мардум буда, ҳеҷ вақт мазмуну моҳияташро гум намекунад, чунин аст:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Чизи дигареро низ бояд ёдовар гардем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири ҳарчи бештар огоҳӣ пайдо кардани мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодӣ шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» нашр ва ба ҳар як хонадони шаҳрвандони мамлакат дастрас карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
Ёқубҷон Султонализода