Имрӯз дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Фестивали ватанпарастии ҷавонон ва сарбози Ватан таҳти унвони “Хизмати модар-Ватан рисолати ҷавонмардист!” баргузор гардид. Фестивали мазкур бо иштироки муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, командирони қисмҳои ҳарбӣ, афсарону сарбозони ҷузъу томҳо ва хатмкунандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Дар оғоз ба майдони сафороӣ Байрақи ҷангӣ ворид карда шуд, сипас ҳайаи шахсии Гвардияи миллӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти навои Оркестри ҳарбӣ иҷро карданд.
Сухани табрикотиро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим оғоз намуда, ҳозиринро бо 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфт. Ҳамзамон, ба сарбозоне, ки дар назди Ватан-Модар рисолати ҷавонмардиро иҷро менамоянд, хизмати содиқонаву софдилонаро таманно намуд. Дар идомаи суханронӣ аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба ягонагиву меҳанпарастӣ ибрози андеша кард. Дар навбати худ муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз ҳамкориҳои мутақобила ва дастгирии пайвастаи хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Баъдан гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.
Дар Фестивали ватанпарастии ҷавонон ва сарбози ватан таҳти унвони “Хизмати Модар-Ватан рисолати ҷавонмардист!” мусобиқаҳои варзишӣ, ки чанде пеш байни ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ баргузор шуд, ҷамъбаст гардид. Қобили зикр аст, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз намудҳои гуногуни варзиш кувваозмоӣ карданд. Аз рўи қобилият ва маҳорати ҷисмонӣ фаъолон муайян гардиданд. Дар натиҷа ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, медалҳои варзишӣ ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми фестивал баҳри болидахотирии сарбозон барномаи театркунонидашудаи Театри мусиқӣ-масҳакавии “Оина” пешкаши хизматчиёни ҳарбӣ гардид. Ҳамзамон, баҳри сарбозон хони идона ташкил карда шуд.
Родмардон