Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Фаҳмидан мушкил нест, агар…

Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб мебошад, ки ба ҳар шаклу восита баён мешавад. Ба воситаи зуроварӣ, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, аз худ намудани ваколатҳои он, марги шахсони бегуноҳ, нобуд кардани иншоот, умуман ҳарчӣ бештар расонидани зарар ва хисороти моливу ҷонӣ, ки оқибатҳои нохушро ба миён меорад.
Тоҷикистон ҷабри терроризмро кашидааст. Аз ҷумла, солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳатто баъди он низ шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони касбу кори гуногуни сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мансуб ба ТТЭ ҲНИТ кушта шуданд. Ҳарчанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ашхоси ҷиноятпешаро боздошту муҷозот карданд, вале метавон гуфт, ки «оё захмҳо тоза шуданд, хисороти расондаи онҳо ҷуброн шуд?».
Ман ҳамчун як фард, як хизматчии ҳарбӣ посухи ин саволҳоро намеёбам. Даҳшатовар он аст, ки ашхоси ба террор сарукордошта аз номи дини мубини Ислом сухан мегӯянд. Соли 2002 дар суханрониашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таъкид доштанд: «Ба маврид аст, ки ёдовар шавем мо кӯшишҳои ба Ислом алоқаманд кардани терроризмро қабул надорем. Терроризм чун тамоми падидаҳои ба ин монанди харобиовар ба табиати инсон ва ғояҳои дин бегона аст. Он на миллат дораду на мазҳаб. Ислом ҳамчун инсонпарвару башардӯст ҳама гуна зӯровариро маҳкум мекунад». Ташвишу тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, сарпарасту муассисони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ майли ҷавононро ба интернету дигар роҳу воситаҳои алоқа, коммуникатсия, таълим дар хориҷа, саёҳат, ёфтани ҷойи кор, осон ба даст овардани маблағ ва дигар мушкилиҳои зиндагӣ таҳлил карда, онҳоро моҳирона барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Инро фаҳмидан мушкил нест, агар воситаҳои ахбори оммаро таҳлил карда, ба суханронии ходимони давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти маҳаллӣ, волидон гӯш диҳӣ. Аз тарафи дигар Худованд барои ҷудо кардани баду нек ба ҳар кас ақл додааст. Аз ин мизон пайваста бояд истифода кард.
Хатари имрӯзаи терроризм ва экстремизм на танҳо Тоҷикистони биҳиштосои мо, инчунин тамоми сайёраро таҳдид мекунад. Мо дар масоҳати хеле тулонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад ҳастем. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамсояро хуб медонем.
Шукри оромиву суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ карда, анъанаҳои ниёгон: ватандӯстиву ҷавонмардӣ, сулҳпарварӣ, худшиносиву ифтихори миллиро шиори зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯза бояд кард.
Мо сарбозон сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоем. Донишҳо, маҳорату малакаи ҳарбиро аз худ карда, бо зуҳуроти номатлуби замони муосир мубориза мебарем. Баъди ба анҷом расонидани хизмати ҳарбӣ ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рушди босуботи кишвари маҳбубамон, таъмини амнияту ҳаёти осоиштаи мардум оид ба масъалаҳои мазкур корҳои заруриро анҷом диҳем.

Сарбози қатории гвардия Қудратов Шаҳзод,
қисми ҳарбии 051056

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.