Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳо ва дурнамои рушди самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён мегардад. Имсол низ санаи 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми навбатиашонро ироа намуданд. Дар Паём комёбиҳои назарраси ҳукумати кишвар зикр гардида, самтҳои рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин амният ва мудофиа ба таври возеҳ муайян гардиданд.
130 Дар баробари ин барои пешрафти кишвар роҳандозии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро талаботи замон арзёбӣ намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳа бояд самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Солҳои охир, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисод, идоракунӣ, саноат, энергетика, маориф ва соҳаи хизматрасонӣ самаранок татбиқ мешавад. Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ пайваста иқдом менамояд. Бо ташаббуси Љумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул шуд. Қатъномаи мазкур қадами муҳими сиёсӣ дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. Иқтисоди рақамӣ истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, интернет, платформаҳои рақамӣ, пардохтҳои электронӣ ва додаҳои бузургро дар бар мегирад. Дар Паём зарурати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва таҳкими инфрасохтори молиявию рақамӣ таъкид гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар ёдовар шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 - 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намоянд. Барои рушд додани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ портали ягонаи хизматрасониҳо таъсис ёфтааст. Дар асоси дастурҳои паёми имсола шумораи хизматрасониҳои онлайнӣ зиёд карда мешавад. Дар натиҷаи ислоҳоту воридшавии техналогияи нав омодасозии мутахассисони соҳаҳои IT, зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ рушд меёбад. ва вазифаҳои калидии гузоштаи ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Беҳбудии фазои соҳибкории кишвар низ тақким ёфта, ба ҷалби сармояи мустақим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи ояндасоз буда, маҳз самтҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд. Пешниҳод, дастур ва дурнамои сиёсати ояндаи кишвар саривақтӣ мебошад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар он вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди давлат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир мушаххас гардиданд.
Бинобар ин, мо ҷавононро зарур аст, ки барои муаррифӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ, дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид гардида, ҷиҳати татбиқи дастур ва барномаҳои пешниҳодгардидаи Паём саҳмгузор бошем.

Сардори бойгонии марказии раёсати корҳои
фармондеҳии Гвардияи миллӣ
майори гвардия Расулзода А.Т.

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.