Бо амри муовини Сардори Сарситод полковники гвардия Одиназода Аъзам ҳайати шахсӣ барои истиқболи Байрақи ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуданд. Таҳти оҳанги мутантани оркестри ҳарбӣ взводи парчамбардори баталёни қаровули фахрӣ бо Байрақи Ҷангӣ, бо шамшерҳои аз наём кашида, бо виқору қадамҳои устувори сафӣ вориди майдони сафороӣ шуд. Амри баъдӣ аз омадани фармондеҳи Гвардияи миллӣ дарак дод. Ин шаҳомат оғози маросими тантанавӣ ба муносибати саршавии давраи зимистонаи соли хониши 2026 гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати шахсӣ, фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон ҳайати шахсиро ба саршавии давраи таҳсил табрик намуд. Аз натиҷаҳои фаъолияти Гвардияи миллӣ дар соли 2025 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда, барои пурсамар гузаронидани машқу машғулиятҳои таълимӣ ва дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои ҷангиву хизматӣ дастури амал дод. Таъкид шуд, ки соли равон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ман боварӣ дорам, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни бузурги миллиро бо хизмати намунавӣ ва дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Сипас ҳайати шахсӣ тибқи нақшаи гузаронидани машғулиятҳо ба нуқтаҳои таълимӣ ҷудо шуда, машғулиятҳоро оид ба талаботи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, чораҳои бехатарӣ ҳангоми муомила бо силоҳ, муҳимоти ҷангӣ, моеъҳои заҳролуд, расонидани ёрии аввалини тиббӣ, риояи чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи техникаҳои зиреҳпӯш, нақлиёт, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои хизмати қаровулӣ ва монанди ин амалу ҳаракатҳо такрор ва аз худ намуданд.
Рӯзи аввали соли хониш бо расонидани амрӯ супоришҳо, фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурамалҳои фармондеҳи Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда оид ба давраи якуми соли 2026 ба анҷом расид.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи якуми давраи таҳсили зимистона дар ҳама ҷузъу томҳо гузаронида мешавад. Ин машғулиятҳо тамоми самтҳои хизмати ҳарбиро оид ба тарзу тартиби ташкил намудани хизмат дар бар гирифта, барои ҳайати роҳбарикунанда ва дигар ҳайати шахсӣ як навъ дастур барои омодагӣ ба фаъолияти ҳамарӯза мебошад.
Родмардон