Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Дар партави Паём

Қарзи муқаддаси фарзандӣ

430 Дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, тарбия кардани ҷавонон ва ҳар чӣ бештар рӯ овардани онҳо ба илму технологияи муосир, забономӯзӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои пешрафти насли наврас яке аз дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон буд, ки 21 декабри соли 2021 дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» садо дод. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ҳидоятҳо силсилаи мулоқоту вохурии кормандони Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин вохуриҳо, ки қариб дар ҳама қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ баргузор гардид, сардори шуъбаи қонунӣ будани санадҳои судии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – полковники адлия Шарипов Ф.И., прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе – полковники адлия Шарифзода Ш.И., прокурори шаҳри Турсунзода Амирзода Д., комиссари ҳарбии шаҳри Турсунзода –майор Саидзода С.С. ва нозирони қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок дошатанд.
430 Намояндагон хангоми мулоқот бо афсарону сарбозон нахуст нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, ҷиҳати софдилона иҷро намудани вазифаҳои базиммадошта ибрози андеша карданд. Полковники адлия Фармон Шарипов дар идомаи суҳбат таъкид кард, ки ояндаи Тоҷикистони маҳбуб ва мақому мартабаи миллати тоҷик аз масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҷангии ҳар яки мо ва садоқату муҳаббат ба Модар-Ватан вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, ин қарзи муқаддаси фарзандиро бояд софдилонаву сарбаландона иҷро намоем. Чуноне ки Президенти кишвар дар Паём иброз намуданд: “Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд”. Ин бовариву эътимод ҳар нафари ватандӯстро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва сарҷамъиву иттиҳоди миллати тоҷик боз ҳам дилгарм менамояд, - қайд намуд соҳибсухан.
Полковники адлия Шӯҳрат Шарифзода мавзӯъҳои дигар, аз ҷумла, иҷрои ӯҳдадориҳои ҳатмии ҳарбӣ, риоя ва иҷрои якхелаи қонунҳо, баланд бардоштани ҳисси ифтихору масъулият ва пешгирии ҷинояту қонунвайронкуниҳоро миёни хизматчиёни ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ карор дод. Дар ин раванд ба савол ва масъалаҳои мубрами ҷойдошта, ки аз тарафи хизматчиёни харбӣ пешниҳод гардиданд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷавобҳои дақиқ, асоснок ва қонунӣ доданд. Дар анҷоми вохуриву мулоқотҳо намояндагон аз буду бош ва ҷойҳои пешбарии хизмат, шароити сарбозон дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дидан намуданд.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гвардияи миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории доимӣ дошта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонун ва оинномаҳо, нигоҳ доштани тартиботи хуқуқӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ саъю кӯшиш намуда, ба ин васила дар пешрафт ва комёбиҳои хизмати ҳарбӣ саҳм мегузорад.

Комилзода Хайринисо

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.