29 декабри соли равон Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Нусратулло Маҳмудзода ва Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода барои ба муносибати Соли нави мелодии 2023 табрик намудани хизматчиёни ҳарбӣ ба Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ омаданд. Дар саҳни ҳавлӣ меҳмононро майори гвардия Дилшодзода Маҳмуд, сардори Шифохона пешвоз гирифт. Котиби Шӯрои амният аз вазъи саломатӣ ва шароити табобату истироҳати афсарону сарбозон дидан намуд. Ҳамчунин табрикот, ғамхориву дастгирии Президент-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайати шахсӣ расонд. Бо сарбозон ҳамсуҳбат гардида, аз онҳо дар бораи хизмат ва хизматрасонии табибон пурсон шуд. Ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, барояшон тандурустӣ ва хизмати шоиста таманно намуд.
Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба маъюбону ятимон дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар пайравӣ ба ин хислатҳои башардӯстонаи Пешвои миллат санаи 27 декабри соли ҷорӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус, ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир шудааст озуқа ва шириниҳо кӯмак расонида шуд.
Сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Замонов Абдулвоҳид бо таълимгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавиро тақдим намуд. Ҳамзамон Оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ барои болидахотирии хонандагони мактаб-интернат оҳангҳои ҷолибу мутантани ҳарбиёна ва ҳунармандон сурудҳои ҷаззоби рақсиро пешниҳод намуданд. Гурӯҳи сарбозон бо мактаббачагон дар якҷоягӣ фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро хушу хурсандона таҷлил намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Гвардияи миллӣ бо мактаб-интернати мазкур робитаву ҳамкорӣ дошта, пайваста онҳоро кӯмаку дастгирӣ менамояд.
Чунин ёрии амалӣ бо озуқаву тўҳфаҳои солинавӣ ба оилаҳои бесаробонмондаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд, расонида шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа